Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи марказҳои зилзиласанҷии Тоҷикистон


Се пойгоҳи зилзиланигорӣ дар Тоҷикистон бо муосоидати Бунёди рушди Шветсария таҷдид хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир аз 49 маркази зилзилашиносии мавҷуд дар Тоҷикистон ба сурати комил ҳеҷ яке фаъол нест. Қарор аст дар марҳилаи аввал се пойгоҳи зилзилашиносӣ дубора фаъол сохта шавад.
Анвар Сабзаалиев - ёвари барномаи Бунёди рушди Шветсария гуфт, дар марҳилаи аввали ин барнома барқарорсозии се пойгоҳи зизиланигорӣ ва фаро гирифтани мутахасисони ин пойгоҳҳо ба давраҳои омузишӣ ҷиҳати истифодаи таҷҳизоти муосире, ки қарор аст дар ин пойгоҳҳо насб шавад дар назар мебошад. То поёни соли равон се пойгоҳ таҷдид ва муҷҷаҳаз мешавад ва дар марҳилаи дуввум боз чаҳор пойгоҳи дигар низ бозсозӣ хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин барнома сабт ва назорати ларзиши замин дар Тоҷикистон ва минтақа мебошад. Ва ахбори ин пойгоҳҳо ҳамзамон мавриди истифодаи созмонҳои байналмилалии манфиатдор қарор хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи масъулини маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳ ба оғози дубораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун фаъол сохтани пойгоҳҳои зизилашиносӣ як амри муҳим мебошад. Хоса дар ҳоле, ки ширкати "Русал" ва ширкатҳои дигари сармоягузор қасд доранд, ки масъалаи тобоварии сохтмони Роғун ба зилзиларо дубора ташхис шавад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG