Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопхонаи "Кайҳон" дар интизори мурофиа


Тафтиши парвандаи ҷиноии чопхонаи "Кайҳон" ва роҳбари он Мухтор Боқизода ба анҷом расида ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Сафаралӣ Қурбонов, додгустари ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, 18 август рӯзи мурофиаи додгоҳӣ таъин шудааст.
Чопхонаи "Кайҳон" марбут ба нашрияи "Нерӯи Сухан" ва раҳбари он Мухтор Боқизода дар истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ муттаҳам дониста мешаванд. Мухтор Боқизода, раҳбари чопхонаи "Кайҳон" мегӯяд, унсури ҷиноят дар амали худро намебинад ва бидуни мурофиа бастани парвандаро дархост кардааст. Фаъолияти чопхонаи "Кайҳон", ки ҳафтаномаи "Нерӯи Сухан"-ро мунташир мекард, аз ҷониби пулиси молиёт дар моҳи январ боз дошта шуда буд. Ва ба гуфтаи Мухтор Боқизода, нозироти барқ чопхонаи мазкурро барои истифодаи худсаронаи барқ ба андозаи 1.600 сомонӣ ҷарима бастаанд. Вале чопхонаи мазкур бидуни супурдани маблағи комили ин ҷарима дубора дар даҳуми моҳи июл ба фаъолият шурӯъ кард. Аммо баъди нашри як шумора аз "Нерӯи Сухан" дубора баста шуд.
XS
SM
MD
LG