Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи автомобилӣ ҷони 6 касро бурд


Бар асари як садамаи автомобилӣ дар ноҳияи Ҷиргатол, 300 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, 6 нафар, панҷ мусофир ва ронандаи автомашинаи сабукрави тамғаи Нива дар ҷои ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд. Тибқи иттилоъи маркази матбуоти вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш дар натиҷаи нуқси фаннии мошини мазкур рух додааст. Дар ҳамин ҳол, дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзҳои ахир ва баланд шудани сатҳи оби дарёи Сурхоб, дар ҳудуди ҷамоъати Сурхоби ноҳияи Ҷиргатол, 250 метр роҳи мошингарди Душанбе - Ҷиргатол комилан тахриб шудааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG