Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марзбони қочоқгар


Носирҷон

Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти муовини фармондеҳи як воҳиди марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷануби кишвар иттилоъ дод. Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ин робита ба радиои Озодӣ гуфт, аснои тафтишот аз Сайфулло Раҳмонов, муовини раҳбари қисми марзбонии мансуб ба кумитаи ҳифзи сарҳадоти кишвар 600 грамм маводи мухаддир кашфу мусодира гардид. Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯробод аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва айни ҳол, ин масъала мавриди таҳқиқ қарор дорад, ки ин маводи мухаддир ба кӣ мансуб аст ва шарикони фармондеҳи боздоштшуда киҳоянд. Қаблан, ду афсари дигари кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатӣ бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буданд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG