Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши тавлиди моли саноатӣ дар Тоҷикистон


Кумитаи байнидавлатии омори Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд иттилоъ дод, ки афзоиши тавлиди моли саноатӣ дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввал 8,9 дарсадро ташкил додааст. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон баъд аз Гурҷистон ва Беларус ҷои сеюмро гирифтааст. Тавлиди моли саноатӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ дар нимаи аввали соли 2005 ба ҳисоби миёна 7,5 дарсад буда, танҳо дар Қирғизистон коҳиши ин нишондиҳанда ба қайд гирифта шудааст. Суръати коҳиши қурби пули миллӣ ва ё худ таваррум дар Тоҷикистон дар ин муддат 4,12 дарсадро ташкил дод, ки низ ба сатҳи миёна наздик аст. Танҳо дар Русия таваррум ба 8 дарсад баробар шудааст.
XS
SM
MD
LG