Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вориди Душанбе шудани 6 ҳавопаймои "Мираж" бо 400 сарбоз


Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз зӯҳри 3 август 6 ҷангандаи навъи "Мираж"-и артиши Фаронса ҳамроҳ бо ҳудуди 400 сарбоз вориди фурудгоҳи Душанбе шудаанд. Ин сарбозон ба зудӣ ба ҳайъати нирӯҳои Фаронса дар Афғонистон хоҳанд пайваст.

Вазири дифоъи Фаронса Мишел Аллио Мари ба думболи сафари ду ҳафтаи пешаш ба Тоҷикистону Афғонистон гуфта буд, ки нирӯҳои дар ҳоли ҳозир 1300 - нафарии кишвараш дар Афғонистонро бо эъзоми нирӯҳои нав ва 6 ҷангандаи "Мираж" тақвият хоҳанд дод. Тақвияти ин нирӯҳо ба хотири кӯмак ба амнияти Афғонитсон дар пешорӯи интихоботи порлумонии моҳи сентябр сурат мегирад. Интизор меравад, ки ҷангандаҳои фаронсавӣ дар фурудгоҳи Душанбе мустақар шаванд. Феълан дар ин фурудгоҳ тақрибан 100 сарбози фаронсавӣ машғули мусоидат ба фаъолиятҳои нирӯҳои Фаронса дар Афғонистон аст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG