Сардори гурӯҳи кумитаи марзбонӣ дар Бадахшони Тоҷикистон Фаромуз Имомбердиев ба Радиои Озодӣ гуфт, дар минтақаи Мурғоби ин вилоят комиссиюни муштараки Тоҷикистону Чин ба таъйин намудани навори марзи байни ду кишвар шурӯъ кардааст. Комиссиюни давлатӣ иборат аз 20 нафар аз Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳайъати Чин дар марзи байни ду кишвар кор мебарад.
Тибқи гуфтаи Фаромуз Имомбердиев, комиссиюни муштарак ба таъйин намудани навори марзӣ аз ағбаи Узбел оғоз карда, то минтақаи Рангкӯл ва Қулма расидааст. Алҳол барои идомаи корҳои таъинотӣ комиссиюни муштарак вориди қаламрави Чин шудааст.
Бо анҷоми кори комиссиюн дар тӯли 500 километри хати марз, қарор аст ҷонибҳо аз моҳи майи соли оянда аломатгузории марзро шурӯъ хоҳанд кард. Тибқи созишномаи миёни Тоҷикистон ва Чин, ки тобистони соли 2002 дар Пекин ба имзо расидааст, 1000 километри мураббаъи ҳудуди Тоҷикистон ба Чин дода шуд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ