Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон


Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбе, 28 июл ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор дод, вазъи озодии матбуот дар ин кишварро беҳтар кунад ва ин баёния дар рӯзе пахш шуд, ки додгоҳи Тоҷикистон журналист Ҷумъабой Толибовро ба ду соли зиндон маҳкум кард.
Дар баёнияи расмии Иттиҳодияи Аврупо бо ишора ба мутаввақиф шудани чопи нашрияи "Нерӯи Сухан" омадааст: "Мо аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳем, аз ҳар шакли сензураи сохторӣ барои фишор ба расонаҳои мустақил парҳез кунад". Рӯзи 13 июл баъд аз мӯҳр задан ба дари чопхонаи "Кайҳон" ношири "Нерӯи Сухан" ин рӯзнома аз чоп дубора бозмонд.
Дар баёнияи Иттиҳодияи Аврупо гуфта мешавад, Тоҷикистон бояд "бо роҳи орӣ аз сензура" пеш биравад ва ба расонаҳои мустақил иҷозаи фаъолият диҳад. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ аз фишор ба матбуот дар Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентии соли 2006 изҳори нигаронӣ кардааст.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG