Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 10 шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Даҳ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи беш аз 60 кило ҳероин дар вилояти Маскав боздошт шудаанд, ки ба гуфтаи Андрей Чиба - сухангӯи Хадамоти федералии назорат бар гардиши маводи мухаддири вилояти Маскав, онҳо шомили ду гурӯҳи ҷиноии созмонёфта мебошанд, ки аз муддатҳо пеш дар вилояти Маскав шабакаи муназзами фурӯши маводи мухаддирро ташкил кардаанд.
Андрей Чиба мегӯяд: "Дастаи 7 нафарии тоҷирони ҳероин дар деҳаи Орловкаи ноҳияи Шёлковской боздошт шудаанд. Аз онҳо беш аз 30 кило ҳероин, тапонча кашф ва забт шуд."
Вай афзуд, ба дунболи ҳамин амалиёт баъдан се нафар узви гурӯҳи дигари қочоқбар аз Тоҷикистон дар ноҳияи Солнечногорскийи вилояти Маскав боздошт ва аз онҳо беш аз 31 кило ҳероин ошкор ва мусодира карда шуд. Арзиши ҳероини забтшуда беш аз 2 миллион доллар баровард шудааст. Дар қиболи гурӯҳ бо қазияҳои қочоқи маводи мухаддир, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ парванда ифтитоҳ шудааст ва ба онҳо хатари зиндони тӯлонӣ таҳдид мекунад, - ташреҳ кард, намояндаи Хадамоти назорат бар гардиши маводи мухаддири вилояти Маскав.
Бино ба омори кумитаи ҳуқуқи порлумони Тоҷикистон, дар ҳабсхонаҳои Русия беш аз 4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки аксарияти онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG