Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Дар шаҳри Красноярски Русия дар ҷараёни як моҷаро ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида ва яке дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шудааст. Тибқи иттилоъи хабаргузории "Интерфакс"- и Русия ҳар ду шаҳрванд, аз захмҳои корд ҷон додаанд ва вазъи сиҳатии нафари сеюм вахим арзёбӣ мешавад.
Як манбаъ дар мақомоти интизомии шаҳр ба хабаргузорӣ гуфтааст, эҳтимолан адовати миллӣ сабаби моҷаро шудааст. Ин хабарро дигар мақомоти интизомии шаҳри Красноярск тасдиқ накардаанд.
Дар ҳамин ҳол вазорати умури дохилаи Русия бо нашри як баёния хабар додааст, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми одамрабоӣ дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шудаанд. Ин ду нафар ба гуфтаи вазорати умури дохила, 22 июл як шаҳрванди Узбакистонро дар иқоматгоҳаш маҷбуран нигаҳ дошта, аз хешовандони ӯ якуним ҳазор доллар талаб кардаанд.
XS
SM
MD
LG