Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи як гурӯҳи занон ба Эмомалӣ Раҳмонов


Гурӯҳи заноне, ки ахиран аз маҳбасҳои шаҳри Дубай ба Душанбе бозгардонида шуданд, унвонии Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон як нома ирсол дошта, дар он тақозо намудаанд, ки дар бозгардонии даҳҳо духтарону занони дигари тоҷик, ки аз тарафи қочоқгарони инсон ба танфурӯшӣ маҷбур мешаванд, мусоидат кунад.
Дар ин нома ҳамчунин хостаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз фиреби занону духтарони тоҷик ва қочоқи онҳо чораҳои қатъӣ андешида шавад. Нигина Муҳаммадҷонова, корманди дафтари Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, дар ин нома гурӯҳи занон аз мақомоти масъули давлат барои талошҳои бозгардонии онҳо ба ватан изҳори ташаккур кардаанд.
Ахиран, бо дастури вижаи раисҷумҳури Тоҷикистон як гурӯҳи иборат аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва созмони ҷаҳонии муҳоҷират ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар доштанд ва аз он ҷо 18 зани тоҷики аз 23 то 40 - соларо, ки бо роҳи фиреб аз Тоҷикистон қочоқ шуда ва ба танфурӯшӣ водор гаштаанд, ба ватан оварда буданд.
Нигина Муҳаммадҷонова гуфт, ин занҳо аз ду моҳ то сеюним сол дар Иморот ба сар бурдаанд. Баъди бозгашт ба онҳо ёрии тиббиву равонӣ ва моддӣ расонида шудааст ва баъдан ба қавли Нигина Муҳаммадҷонова ин занҳо ба хонаҳояшон фиристода шудаанд.
XS
SM
MD
LG