Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ, ки бо ширкати 70 варзишгар аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар ҳавзи шиноварии мактаби махсуси захираҳои олимпии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон ба поён расид. Варзишгарони пойтахти ин кишвар ҳам дар рақобатҳои инфиродӣ ва ҳам дар рақобатҳо миёни дастаҳо соҳиби мақоми аввал шуданд. Фарҳод Орифов дар се навъи рақобат: шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо тарзи озод ва пуштнокӣ, шиноварӣ ба масофаи 25 метр бо усули баттерфляй байни мардон мақоми аввалро ишғол кард. Шералӣ Комилов дар ду намуд - шиноварӣ ба масофаи 100 ва 200 метр бо усули брасс миёни мардон ғолиби мусобиқа гардид. Катерина Измайлова дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо тарзи озод ва шиноварӣ ба масофаи 25 метр бо усули брасс миёни занон муваффақ ба дарёфти ду ҷоизаи аввали мусобиқа шуд. Ҳамчунин, Наталя Тушева дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо усули брасс ва Албина Арсентйева дар шиноварии пуштнокӣ ба масофаи 100 метр байни занон пирӯзӣ ба даст оварданд.
Людмила Ляшенко, мураббии тими мунтахаби шиноварии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкат дар ин мусобиқа барои аъзои дастаи занонаи ин кишвар як марҳилаи омодагӣ ба чаҳорумин Бозиҳои бонувони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон маҳсуб мешуд. Хонум Ляшенко афзуд, дар айни ҳол, ҷавонони лаёқатманду умедбахш ба камол мерасанд, ки ҷойгузини аъзои дастаи мунтахаби шиноварии Тоҷикистон хоҳанд шуд. Ва аммо мураббии варзида аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бинобар набуди маблағ шиноварони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ хеле кам ширкат меварзанд ва ин камтаҷрибагӣ ба онҳо имкон намедиҳад, ки натоиҷи хуб ба даст оранд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.