Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Э.Раҳмонов аз пирӯзии Қ.Боқиев


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо ирсоли барқия кафили раёсатҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии рӯзи 10 июл табрик кардааст. Оқои Раҳмонов навиштааст, ки Тоҷикистон равобити хуби ҳамсоягиаш бо Қирғизистонро баҳои баланд медиҳад. Ба ақидаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, муносиботи хуби Душанбеву Бишкек нафақат ба фоидаи манофеъи миллии ҳраду кишвар, балки ҳамчун як омили муҳими таъмини сулҳу субот дар минтақа хидмат мекунад. Эмомалӣ Раҳмонов дар барқияаш изҳори итминон кардааст, ки равобити муштарак ва танготанги Тоҷикистону Қирғизистон аз ин ба баъд дар асоси ҳуқуқи баробар, ҳусни эҳтиром ва ба назар гирифтани манофеъи якдигар боз ҳам рушд хоҳад кард.

Қурмонбек Боқиев, ки дар интихоботи рӯзи 10 июл бо касби наздик ба 89 дарсади оро раисиҷумҳури нави Қирғизистон интихоб шуд, ба ҳайси кафили раёсатҷумҳурии он кишвар дар моҳи майи соли равон ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дода буд. Зимни ин сафар оқои Боқиев дар маросими ифтитоҳи хатти баландшиддати интиқоли нирӯи барқ, ки аз Бодканди Қирғизистон ба Конидодми Тоҷикистон кашида шудааст, ширкат варзид.
XS
SM
MD
LG