Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Русия ба таҳқиқи наҳваи интиқоли Искандаров ба Душанбе шурӯъ кардааст


Додситонии вилояти Маскав ба таҳқиқи наҳваи истирдод ё интиқоли ғайриихтиёри Маҳмадрузӣ Искандаров, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе шурӯъ кардааст. Рӯзи ҷумъа ба қароргоҳи марказии ҳизби демократии Тоҷикистон дар Душанбе аз ҷониби Додситонии кулли Русия ба ин мазмун як нома расидааст. Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистон роҷеъ ба мӯҳтавои ин нома ба радиои Озодӣ гуфт, ин нома посух бар номаест, ки садорати ҳизби демократ дар моҳи май ба унвони раисҷумҳури Русия ва Думаи ин кишвар ирсол дошта тақозо карда буд, наҳваи интиқоли ғайриихтиёри Маҳмадрузӣ Искандаров аз Маскав ба Душанбе аз тарафи мақомоти додситонии Русия бозрасӣ шавад. Дар номаи ҷавобӣ Додситонии кулли Русия иттилоъ медиҳад, таҳқиқи ин масъала бар дӯши Додситонии вилояти Маскав вогузошта шуд ва он ба бозрасии ин масъала шурӯъ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаровро барои баррасӣ ба додгоҳи олӣ пешниҳод кард.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG