Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи бузурги тенниси хурд дар Душанбе


Дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии тенниси рӯи мизи Осиё байни наврасон, ки рӯзи панҷшанбе, 7 июл дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе оғоз шуд, тимҳои ҷавонони Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон ширкат доранд. Алӣ Бобоев, сардовари ин мусобиқот аз Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рақобатҳо байни тимҳо ва рақобатҳои инфиродӣ миёни писарону духтарони синнашон то ҳаждаҳсола тайи се рӯз идома хоҳанд кард. Ғолибони мусобиқоти интихобӣ барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии тенниси рӯи мизи Осиё байни наврасон дар Ҳиндустон роҳ меёбанд.


Иронии Илёсванд, мураббии тими ҷавонони Эрон дар робита ба мусобиқоти шаҳри Душанбе ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқот,ба назари ӯ барои варзишкорони ҷавони кишварҳои Осиёи Миёна бисёр муфид аст. Ҳамсӯҳбати дигари мо Ҳомид Расулӣ, мураббии тими тенниси рӯи мизи Афғонистон мегӯяд, дар ин мусобиқот теннисбозони ҷавони ин кишвар таҷоруби хуб касб карданд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG