Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттишро зиндонӣ карданд


Додгоҳи вилояти Хатлон Саидусмон Асоев, муфаттиши аршади шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Сарбандро бо иттиҳоми ришваситонӣ ва сӯистифода аз мансаби ишғолкарда ба мӯҳлати 7 сол зиндонӣ кард. Ҷамшед Эргашев, додситони шӯъбаи назорат аз болои қонунӣ будани қарори парвандаҳои ҷиноии додгоҳҳои додситонии Хатлон мегӯяд, Саидусмон Асоев, мавриди ришваситонӣ аз тарафи кормандони кумитаи амният ва додситонии вилоят боздошт гардид:
"Асоев Саидусмон дар гирифтани ришва ба маблағи 1000 сомонӣ аз Абдуалимова Мағфират ва Назаров Баҳром боздошт шуд. Ӯ ин маблағро барои он талаб кардааст, ки масъалаи боздошти духтари Абдуалимоваро дар мавриди он ки гӯё кӯдаки худро фурӯхтааст, ҳал хоҳад кард. Дар асл, духтари Абдуалимова фарзанди худро дар асоси аснод ба дугонааш ҳамчун фарзанд дода буд."

Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Эргашев мегӯяд, чанд рӯз қабл бо ҳукми додгоҳ се сокини ноболиғи ноҳияи Ҷилликул, бо ҷурми таҷовузи ҳамҷинси ноболиғ ва куштор зиндонӣ шуданд:
"Ҳ. бо ноболиғон М. ва Т. дар якҷоягӣ С.и нӯҳсоларо маҷбуран дар миёни пахтазор таҷовуз карданд. Чун С. гуфтааст, ки ба падару модараш дар ин маврид шикоят мебарад, онҳо ӯро бо доси алафдаравӣ зада ба ҳалокат расонданд. Ин дар ҳолест, ки чунин як амали нангинро ин ноболиғони ҷиноятпеша шурӯъ аз соли 2000 то мавриди боздошт бо чанд ноболиғи дигар анҷом додаанд."

Бо ҳукми додгоҳи Хатлон Ҳ. 20 сол, ноболиғон М. ва Т. даҳ солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд, ки авввалӣ дар маҳбаси низомаш пурзӯр ва ноболиғони бо ӯ дар ин ҷиноят дастдошта дар маҳбаси тарбиявиву ислоҳотии низомаш умумӣ зиндонӣ шудаанд.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG