Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони дифоъ дар Варзоб


Рӯзи ҷумъа, 24 июн дар дараи Варзоб, воқеъ дар шимоли пойтахти Тоҷикистон нишасти навбатии Шӯрои вазирони дифоъи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ бо ширкати вузаро аз 9 кишвари узви ин созмон доир шуд. Дар ин мулоқот намояндагони мақомоти низомии Гурҷистону Туркманистон ва Молдова ширкат накарданд.

Дар нишасти вузарои дифоъ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов суханронӣ карда, хостори таъсиси як нирӯи муштараки зудамал ба хотири мубориза бо терроризму тундгароии мазҳабӣ дар чорчӯби созмони ҳамкориҳои Шанхай шуд. Чунин нирӯҳои муштараки зудамал феълан дар чяаҳорчӯби Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ амал мекунанд. Оқои Раҳмонов таъмини суботу амният дар кишвараш ва дар минтақа ва таҳкими мизони омодагии нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои муштаракулманофеъро аз муҳимтарин ҳадафҳо номида, гуфт, табиъати фаромарзӣ гирифтани гуруҳои тундрав ва террорист ба манофеъи ҳаётан муҳими кулли кишварҳои узви ин созмон таҳдид мекунад.

Вазири дифоъи Русия Сергей Иванов дар ҳошияи ин нишаст як силсила мулоқотҳоеро бо мақомоти Тоҷикистон анҷом дода, аз ҷумла бо ҳамтои тоҷикаш Зералӣ Хайруллоев як қарордодро дар бораи ба Душанбе супурдани қисме аз молумулки манқули пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон имзо кардааст.Сергей Иванов гуфт, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон амалан таъсис ёфта ва аммо танҳо аз моҳи сентябри соли равон мақоми ҳуқуқӣ касб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG