Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатми даъват ба сафи артиши Тоҷикистон


Диловар Абдолов - комиссари низомии Вилояти Бадахшони Тоҷикистон гуфтааст, беш аз 6 ҳазор ҷавони ин вилоят, ки қобили хидмат дар сафи нерӯҳои муссалаҳ мебошанд, дар берун аз қаламрави ин кишвар қарор доранд. Дар нишасти хабарӣ бахшида ба анҷоми даъват ба сафи артиши Тоҷикистон, Диловар Абдолов гуфтааст, гузашта аз ин вазъи саломатии ҷавононе, ки бояд ба артиш сафарбар шаванд, беҳбудӣ мехоҳад. Хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Диловар Абдолов навиштааст, ки аз миёни беш 1200 ҷавони аз ташхиси тиббӣ гузашта, қариб 300 нафари онҳо гирифтори бемориҳои мухталиф будаанд.
Ганҷибек Музаффарбеков - додситонии низомии вилояти Бадахшони Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷинояткорӣ дар миёни низомиёни ин вилоят коҳиш ёфтааст, аз ҷумла дар панҷ моҳи соли равон дар ҳеҷ як қисми низомии вилоят ягон ҷинояти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол додгоҳи шаҳри Кулоб дар ҷануби Тоҷикистон як сарбози қисми низомии кумитаи марзбонии ин кишварро бо гуноҳи бадрафторӣ бо ҳамсафон ва азияту шиканҷаи онҳо ба се соли зиндон маҳкум кардааст. Ба гуфтаи додгоҳ, Фаррух Одинаев ду сарбози дигарро таҳқир ва онҳоро сахт маҷрӯҳ кардааст.
XS
SM
MD
LG