Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Душанбе


Пас аз нисфирӯзии сенздаҳуми июн, дар назди бинои вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва Бонки Амонатгузории Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе таркиш ба вуқӯъ пайваст. Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидов -додситони шаҳри Душанбе бар асари ин таркиш, чанд нафар аз фурӯ рехтани шишарезаҳо захм бардоштаанд. Ба қавли вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҳумдин Шарифов, маводи мунфаҷира дар як аробаи мутааллиқ ба бозори Шоҳмансур ҷой доштааст ва дар натиҷаи ин таркиш биноҳои вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва Амонатбонк осеб дидаанд.
Ҳумдин Шарифов, ки дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, амали террористӣ будани таркишро аз эҳтимол дур надонист. Бар асари таркиш ҳамчунин чандин мошин ва як мусофирбар зарар дидааст. Аробакаш айни ҳол мавриди бозҷӯӣ қарор дорад. Ба ҳине, ки ин хабар таҳия мешуд, маҳалли таркиш аз тарафи маъмурони интизомӣ иҳота ва дар он маҳал тафтиш бурда мешуд. Охири моҳи январи соли ҷорӣ дар ҳамин маҳал як таксӣ таркида буд.
Ҳумойюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG