Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири энержии Тоҷикистон ба Эрон


Тибқи иттиллоъи вазорати энержии Тоҷикистон, Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов, вазири энержии кишвар ҷиҳати гуфтушунид оид ба сохтмони истгоҳи барқи обии Сангтуда - 2 озими Ҷумҳурии Исломии Эрон шудааст. Рашид Гулов, сардори департаменти сиёсати нирӯи барқи вазорати мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт: "Як гурӯҳи корӣ бо сардории вазир Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов барои гуфтушунид оид ба ёддошти тафоҳуме, ки моҳи январ бо вазири нирӯи Эрон дар мавриди сохтмони неругоҳи Сангтуда - 2 ба имзо расида буд, ба он кишвар сафар кард."

Рашид Гулов афзуд, дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо вазири энержии Эрон Ризо Ардакониён оид ба масоили истифодаи захоири об, ки авохири моҳи майи соли равон дар Душанбе доир гашт, ҳамчунин масоили омодагии иқтисодиву техникии сохтмони неругоҳи Сангтӯда - 2 мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд. Зимни ин мулоқот ҷаноби Ардакониён бо итминони комил баён дошт, ки феълан асноди лозима омода гашта, қарор аст ҷониби Эрон дар наздиктарин фурсат сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда - 2 - ро шурӯъ намояд.

Ҷиҳати сохтмони Сангтуда - 2, ки қарор аст, дар дарёи Вахш, 150-километрии ҷануби пойтахт бунёд шавад, 180 миллион доллар лозим аст, ки маблағгузории онро ҷониби Эрон ба ӯҳда гирифтааст. Иқтидори ин нирӯгоҳ 3 маротиба камтар аз нирӯгоҳи Сангтӯда -1 буда, дар як сол 1 миллиард киловат-соат нирӯи барқ тавлид мекунад. Дар сурати ба кор шуруъ кардани истгоҳи барқии Сангтуда - 2 анқариб 200 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG