Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди се беморхонаи нав дар Қурғонтеппа


Ба иттилои Раҷабалӣ Абдусамадов, раиси идораи сохтмони ҳокимияти иҷроияи Хатлон то интиҳои соли ҷорӣ дар ҳудуди навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа як маркази мубориза бо бемории сил ва ду табобатгоҳи ин беморӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Ӯ гуфт, дар заминаи чунин як бемористони касалии сил дар навоҳии Колхозобод ва Ҷомӣ, ки солҳои сиюми қарни гузашта бунёд шудаву аз фаъолият бозмонда буданд, дубора мувофиқ бо шароити табобати муосир тармим мешаванд.
Ба гуфтаи оқои Абдусамадов, Маркази мубориза бо бемории сил дар шаҳри Қӯрғонтеппа комилан таҷдид ва барои он ҳудуди 400 ҳазор доллар масраф шуд. Раҷабалӣ Абдусамадов афзуд, ин марокизи беҳдоштӣ барои табобати 100 нафар дар як вақт сохта мешаванд. Маблағи бунёди ин марокизи беҳдоштӣ ҷиҳати табобати бемории сил, ки дар вилоят рӯ ба афзоиш аст, аз буҷаи ҳокимияти Хатлон пардохт шудааст.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG