Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи рақобати вазнбардорони Тоҷикистон


Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, беш аз 50 варзишгар аз манотиқи мухталифи ин кишвар зӯрозмоӣ карданд. Дар рақобатҳо бародарон Баҳром ва Низом Санговҳо, Алишер Ашӯров, ҳарсе аз шаҳри Душанбе, Ҷаҳонгир Қодиров, Носир Расулов, Сӯҳроб Ҷӯраев, ҳарсе аз шаҳри Панҷакент, Абумуталиб Раҳимов ва Артём Жемчугов, ҳарду аз шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал ва медали тиллои мусобиқа шуданд. Бобохон Сангов, дабири кулли Федератсияи вазнбардории Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт ғолибони ин мусобиқа дар ҳайъати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.
Ва як хабар аз мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба футзол,ки дар шаҳри Хошимини Вйетнам ҷараён дорад. Тими миллии футзоли Тоҷикистон дар ду бозии навбатии худ дар марҳилаи дуввуми мусобиқа дар гурӯҳи «Н» аз тими Қирғизистон бо натиҷаи сифр бар 3 ва аз тими Кувайт бо ҳисоби 5 бар 8 ноком шуд ва аз ҳаққи ширкат дар бозии нимниҳоӣ маҳрум гашт.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG