Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси демократҳо дар Хатлон аз мақомаш истеъфо дод


Раиси созмони минтақавии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидраҳмон Назриев гуфт, зимни натиҷаҳои интихоботи порлумонии 27-уми феврали соли равон, аз вазифаи худ дар Ҳизби демократ даст кашидааст. Вай гуфт, истеъфои ӯ зимни фишори мақомоти маҳаллӣ ба амал наомада, масъалаест, ки бо раёсати марказии ҳизб машварат шудааст. Аммо Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз ин вазифа канор рафтани Саидраҳмон Назриевро ба мушкилоти иҷтимоии ӯ марбут донист ва гуфт роҳбари нави созмони Ҳизби демократ дар Қӯрғонтеппа рӯзҳои наздик дар ҷаласаи раёсати созмони мазкур интихоб хоҳад шуд.
Созмони ҳизби демократи Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппа зимни интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ натавонист номзадҳои худро ба вакилии парлумон ва маҷлиси намояндагони вилоят пешниҳод намояд.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG