Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Баҳси тақсими захоири оби Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон Тоҷикистон фоҷиаи баҳри Аралро намунаи рӯшани истифодаи ғайриоқилонаи захоири обӣ дар Осиёи Миёна номид ва гуфт, бо вуҷуди нишасту симпозиумҳои зиёд дар робита ба он ҷиҳати наҷоти баҳри Арал кори амалии ҷиддӣ анҷом нашудааст. Ҳангоми суханронӣ дар нишасти байналмилалии "Ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ" бо ҳузури намояндагони 50 кишвари дунё дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмонов, гуфт, рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа дар ин минтақа бидуни истифодаи оқилонаи масоили обӣ имконопазир аст.
Калман Мизей - масъули Барномаи Рушди Созмони Милал дар умури Аврупо ва кишварҳои муштаракулманофеъ гуфт, дар саросари олам имрӯз ҳудуди якуним миллиард нафар ба оби тоза дастрасӣ надоранд ва наздик ба 3 миллиард нафар дар рустоҳо дар вазъи бади беҳдоштӣ ба сар мебаранд. Иштирокдорони ҳамоиши ҳамкориҳои минтақавӣ бо ирсоли муроҷиатнома унвонии дабири кулли Созмони Милал хостори мусоидатҳои бештари ин созмон дар амри ҳалли мусолиматомези масоили обӣ дар Осиёи Марказӣ шуданд. Ҳамоиши ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ фардо ба кори худ дар Душанбе идома медиҳад.
Холиқи Сангин, Душанбе

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар ҳамла ба як маркази низомӣ дар Кобул 5 нафар захмӣ шуд

Намояндагони расмии ҳукумати Афғонистон гуфтанд, ки на кам аз чаҳор сарбози Артиши миллии Афғонистон ва як мулкӣ дар ҳамла ба маркази омӯзишии ҳарбӣ дар Кобул маҷрӯҳ карда шуданд.

Сухангӯи Вазорати дифоъ Фуад Амон ба Радиои Озодӣ гуфт, 18-уми ноябр ҳамлагарони ношинос ба сӯи дарвозаи бинои низомӣ дар канори ғарби Кобул ду норинҷак партофтанд. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ин ду таркиш аз тарафи маргталабон анҷом шудаааст.

Касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифт.

Ин ҳамла пас аз панҷ рӯзи таркиши мошини як маргталаб рӯй дод, ки корвони мошинҳои ширкати хусусии амниятро дар Кобул нишон гирифта буд. Дар он ҳодиса 12 нафар кушта шуд. Ҳам Толибон ва ҳам гурӯҳи "Давлати исломӣ" бисёр вақт нерӯҳои амниятӣ ва мансабдорони ҳукуматии Афғонистонро дар Кобул ва дигар ҷойҳои кишвар нишон мегиранд.

Ҳафтаи гузашта президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ эълон кард, ки се зиндонии баландпояи Толибонро озод карданд, аммо сипас онҳоро ба зиндон баргардонд. Ду устоди Донишгоҳи Амрикоии Афғонистон дар Кобул – Кевин Кинг аз ИМА ва Тимоти Векси аз Австралия – бояд бо онҳо доду гирифт мешуданд. Толибон онҳоро соли 2016 рабудаанд.

Додгоҳи Душанбе як "прапоршик"-ро барои латту кӯби сарбоз ҷазо дод

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе як "прапоршик"-и Вазорати дифои Тоҷикистонро бо гуноҳи латту кӯби сарбозе ҷазо додааст. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, латту кӯби сарбоз Ҷумъахон Кенҷаев аз сӯи прапоршик Талабшоҳ Қамаров 13-уми августи имсол рух додааст. Қарори додгоҳ 31-уми сентябр содир шуда, хулосаи он 15-уми ноябр дар сомонаи расмии додгоҳи шаҳри Душанбе нашр шуд.

Назари Қамаров ва вакили мудофеи ӯ дар ин бора маълум нест.

Аз Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 18-уми ноябр гуфтанд, Талабшоҳ Қамаров, ки чаҳор сол боз дар мақоми сардори хадамоти истифодабарии манзилии қисми ҳарбии 16772-и Вазорати дифоъ кор мекард, ба "ҷинояти мансабӣ" даст задааст.

Манбаъ дар шарҳи ҳодиса гуфт, Талабшоҳ Қамаров рӯзи вуқӯи ҳодиса ба хобгоҳи сарбозони ротаи тирандозии савораи М-3-80-и қисми низомӣ ворид шуда, ба навбатдор Ҷумъахон Кенҷаев "супориши ғайриоинномавӣ" додааст ва сарбоз аз амри ӯ сарпечӣ кардааст.

Дар натиҷа прапоршик бо бастаи калидҳо ба сари ӯ зада, латту кӯб намудааст. Манбаъ мегӯяд, бар асоси натиҷаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, Кенҷаев аз сараш ҷароҳат бардошта, зарари ӯ "сабук" мебошад. Бо қарори додгоҳ, Талабшоҳ Қамаров ба андозаи 100 нишондиҳандаи ҳисобҳо (5500 сомонӣ) ҷарима шудааст. Бо ин вуҷуд, ӯ ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайянро дорад.

Шикоят аз латту кӯби сарбозони тоҷик ҳодисаи нав набуда, борҳо тавассути расонаҳо садо додааст. Коршиносон мегӯянд, бадрафторӣ сабаб шудааст, ки баъзе ҷавонон аз хидмат дар артиш сарпечӣ мекунанд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Даргузашти модари Ҳоҷӣ Ҳалим дар 78-солагӣ

Абдуҳалим Назарзода

Гулбибӣ Сулаймонова – модари Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) – муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, ки мақомот ӯро ба ташкил ва роҳбарии ошӯби моҳи сентябри 2015 айбдор карданд, дар 78-солагӣ даргузаштааст. Назарзода ҳамроҳ бо се бародараш дар амалиёти чаҳор сол пеш дар дараи Ромит кушта шуданд.

Фирӯз Назаров, набераи Гулбибӣ Сулаймонова, рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, модарбузургаш то як сол пеш аз марги Ҳоҷӣ Ҳалим хабар надошт. Ин зан соҳиби ҳафт писар ва се духтар будааст. Ҳоло ду писараш дар зиндон ҳастанд. Писари дигараш дар озодӣ ва дар Русия аст.

Абдуҳалим Назарзода бо истифода аз квотаи 30-дарсадӣ аз тарафи мухолифин ба кор дар Вазорати мудофиа пазируфта шуда буд ва солҳои ахир ба ҳайси муовини вазир кор мекард.

Мақомот дар ташкили ба гуфтаи онҳо ошӯб ё қасди табаддулот раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро гунаҳкор карданд. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа ҳамвора ин иттиҳомотро рад карда, гуфтаанд, тамоми кӯшиши мақомот барои аз саҳнаи сиёсат дур кардани онҳо буд.

Вазъият пас аз се рӯзи эътирозҳо дар Эрон

Пас аз се рӯзи якбора баланд шудани нархи сӯзишворӣ, ки сабаби эътирозҳои марговар дар даҳҳо шаҳру ноҳияҳои Эрон шуд, вазъ ҳанӯз дар ин кишвар шиддатнок мемонад.

Рӯзи 18-уми ноябр ҳолат дар кӯчаҳо номуайян буд. Баста шудани Интернет аз тарафи мақомоти давлатӣ ҷараёни паҳн кардани видео ва иртибототро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигоҳ дошт.

Мақомоти расмӣ гуфтанд, дар задухӯрдҳо шаш нафар кушта шуданд, аз ҷумла се эътирозгар, ду узви нерӯҳои амниятии Эрон ва як посбони амниятӣ, аммо гузоришҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шумораи кушташудагон метавонад зиёдтар бошад. Бархе аз манобеъ онро зиёда аз 40 нафар меноманд.

"Франс-Пресс" аз қавли сухангӯи ҳукумати Эрон Алӣ Рабеӣ гуфта, ки вазъ "ором" аст, гарчанде ки "баъзе масъалаҳои ночиз ҳастанд". Бархе аз видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаанд, нишон медиҳанд, қувваҳои ҳукуматӣ ба эътирозгарон тир мепарронанд.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, камаш 5 донишгоҳ дар шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Шероз ва ҷойҳои дигар баста шуданд, дар ҳоле ки дар зиёда аз 17 шаҳри 5 вилоят мактабҳо бастаанд. Мақомот ҳушдор додаанд, ки ба идома намоишҳо вокуниши сахт нишон хоҳанд дод.

Эътирозҳо 15-уми ноябр, пас аз он сар зад, ки ҳукумат эълом дошт таҳримҳои Амрико сабаби бо ҳисса фурӯхтани сӯзишворӣ ва кам кардани ёрдампулиҳо шудааст. Амрико истифодаи нирӯро дар баробари эътирозгарон ва бастани дастрасиро ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Эрон маҳкум кард.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи якшанбе гуфт, "оташ задани биноҳо кори мардум нест, балки кори душманон аст." Хоманаӣ аз тасмими ҳукумат дар заминаи афзоиши қимати бензин дар Эрон пуштибонӣ кард.

Дар Белорус номзадҳои мухолиф аз порлумон берун монданд

Комиссияи марказии интихоботии Белорус натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумониро эълом кард.

Аз 110 довталаби нав, ки соҳиби мандати вакилӣ шуданд, ҳеч кадомашон номзади ҳизбҳои мухолиф нестанд. Дар порлумони гузашта ду тан аз вакилони порлумон номзади мухолифон буданд. Ҳамакнун дар порлумони нав Ҳизби коммунистии Белорус 11 вакил, Ҳизби либерал-демократии Белорус 1 вакил, ҳизбҳои ҳукуматгаро 9 вакил хоҳанд дошт.

Дар интихоботи рӯзи 17 ноябр 7 ҳизб ва ҳаракати мухолиф ширкат дошт, аммо ҳеч кадоми онҳо раъйи кофӣ барои ворид шудан ба порлумонро соҳиб нагардиданд. 30 тан аз вакилони порлумони пешин дубора номзад ва пирӯз шуданд.

Нозирони мустақил мегӯянд, шумори интихобкунандагон дар раъйдиҳӣ кофӣ набуд ва интихоботи кунинӣ пеш аз муҳлат баргузор шудааст.

ИМА истифодаи нирӯ ба зидди норозиён дар Эронро маҳкум кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истифодаи нирӯ дар баробари эътирозгарон ва маҳдудияти шадиди иртиботи маҷозиро дар Эрон маҳкум кард. Дар изҳороти Кохи Сафед, ки рӯзи 17-уми ноябр нашр шуд, аз “мардуми Эрон ва тазоҳуроти сулҳомезашон” ҳимоят шудааст.

Тазоҳурот дар Эрон пас аз он роҳандозӣ шуд ва ба сад шаҳру минтақаи ин кишвар густариш ёфт, ки ҳукумат фурӯши бензинро маҳдуд кард ва нархи онро боло бурд. Мақомот дар Эрон аз иқдоми шадид дар баробари эътирозҳои густарда ҳушдор доданд.

Ба гузориши расонаҳои давлатии Эрон, дар ҷараёни тазоҳурот чанд бино вайрону оташ зада шудаанд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, рӯзи якшанбе гуфт, “оташ задани биноҳо кори мардум нест, балки кори душманон аст.”

Хоманаӣ аз тасмими ҳукумат дар заминаи афзоиши қимати бензин дар Эрон пуштибонӣ кардааст. Хабаргузории “Форс” гузориш дод, ки то ҳоли ҳудуди ҳазор нафар дастгир шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНО, як пулис дар ҷараёни бархӯрд бо эътирозгарон дар шаҳри Кирмоншоҳ кушта шудааст.

Пеш аз ин мақомҳои маҳаллӣ дар шаҳри Сирҷон гуфта буданд, ки як нафар дар тазоҳурот дар ин шаҳр кушта шуда, чандин нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Додгоҳ гумонбарони ҳамла ба муҳоҷири узбекро 2 моҳ ҳабс кард

Додгоҳи Петербурги Русия се ҷавони маҳаллиеро, ки дар ҳамла ба муҳоҷири 38-солаи Узбекистонӣ гумонбаранд, то 12 январи соли оянда ба ҳабс гирифт.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, пулиси Петербург дар робита ба ҳамлаи мазкур, ки дар истгоҳи роҳи оҳани "Пост Ковалево" рух дод, ҷавонони 15, 16, 17 ва 19-соларо дастгир карда буд. Гумонбари 15-сола ба иллати поин будани синаш ба ҳабс гирифта нашудааст.

Муфаттишон бар инанд, ки ҷавонони мазкур бо ангезаҳои бадбинии миллӣ ба шаҳрванди Узбекистон ҳамла кардаанд.

Ҳамлагарон бо абзори бурандаи номаълум ба муҳоҷири узбек 5 зарба зада, ҳамчунин ӯро зери мушту лагад қарор додаанд. Сипас 7 ҳазору 850 рубли муҳоҷири кориро дуздидаанд.

Ба гуфтаи Кумитаи тафтишотии Петербург, ҳамла ба шаҳрванди Узбекистон хусусияти экстремистӣ дорад.

Ташкили комиссияи давлатӣ барои таҳқиқи марги ангишткани қазоқ

Дар кони "Қазоқистонӣ"-и вилояти Қарағанда, ки бо коркарди он ширкати "АрселорМиттал Темиртау" машғул аст, як ангишткан ба ҳалокат расидааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ширкат, ангишткан 15 ноябр ҷон додааст. Сабабҳои марги ӯ гуфта намешавад. Масъулони ширкат мегӯянд, барои таҳқиқи сабабҳои марги кормандашон комиссияи давлатӣ ташкил шудааст.

6 ноябри соли равон дар кони ангишти "Саранскӣ"-и "АрселорМиттал Темиртау" як корманд ҷон бохта буд. Ширкат марги ангиштканро ҳодисаи нохуш номид. Он замон низ дар бораи ташкили комиссияи давлатӣ барои таҳқиқи марги ангишткан хабар дода буданд.

Додситонии Узбекистон таҳқиқи "таҳдидҳои шаҳрдори Тошканд"-ро оғоз кард

Додситонии кулли Узбекистон навори садоии баҳсбарангезеро шарҳ дод, ки дар он гӯиё шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев рӯзноманигоронро таҳқир ва таҳдид ба қатл мекунад.

Зоҳиран навор ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон сабт шудааст. "Як ҳафта пеш дар бораи корхонаҳои ман навиштанд ва онҳоро инҳисор номиданд. Агар ҳозир барояшон 10 ҳазор доллар бидиҳӣ, ситоишро оғоз хоҳанд кард. Онҳо кӣ ҳастанд? Палидҳои пастанд! Онҳо фарзанди инсон ё саг бошанд? Тавре мекунам, ки шуморо ба маҳаллаатон роҳ намедиҳанд ва волидонатонро масхара хоҳанд кард. Ҳамсояҳоятон шарм медоранд, ки бо шумо салом кунанд. Ман ин корро карда метавонам. Барои ман ҳамҷинсгаро эълом кардани шумо мушкил аст? Осон аст! Дар 6 сония шуморо дар як таксӣ бо ҳамҷинсгаро шинонда, акс мегирам. Тамом! Шумо ҳамҷинсгаро!", - гуфта мешавад дар навор.

Сомонаи Kun.uz 17 ноябр матлаберо зери унвони "Озодии баён бо шеваи Ортиқхоҷаев" нашр кард. Дар матлаб омадааст, ки шаҳрдори Тошканд дар он навор рӯзноманигорони сомонаи Kun.uz Раҳматилло Исроилов, Шерзод Эгамбердиев ва Баҳодур Аҳмадовро пас аз қазияи таъқиби хабарнигорони сомона аз сӯи муовини раиси ноҳияи Олмазор А. Ваҳобов дар утоқи корияш таҳдид кардааст.

"Он рӯз шаҳрдори Тошканд ҳар ду ҷониби баҳсро барои созиш ба утоқи корияш даъват карда буд. Вале норозигии ҷонибҳо барои созиш вохӯриро ба "ҷаласаи тарбиявӣ" барои рӯзноманигорон табдил дод", - навиштааст Kun.uz.

"Додситонии кул омӯзиши навореро оғоз кард, ки 16 ноябр дар Интернет нашр шуда, ба шаҳрдори Тошканд рабт дода мешавад. Ҳамчунин воқеӣ будани навор, кай ва дар кадом шароит сабт шудани он низ санҷида хоҳад шуд. Натиҷаи санҷиш пас аз поёни таҳқиқ эълом мешавад", - омадааст дар изҳороти Додситонии кулли Узбекистон.

Хадамоти матбуотии шаҳрдории Тошканд низ бо нашрия як иттилоия гуфт, омӯзиши навори мазкурро оғоз кардааст. "Барои омӯзиши ҳамаҷонибаи навори мазкур гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдор ташкил карда шуд", - афзудааст хадамот.

Оҷонси иттилоот ва робита бо ҷомеаи назди президенти Узбекистон низ гуфт, навори баҳсбарангезро хоҳад омӯхт.

Ҳокими Фарғона ба деҳқони ришдор қарзи боимтиёз надод

Дар вилояти Фарғонаи Узбекистон рӯзи 12 ноябр чорабиние баргузор гардид, ки дар рафти он ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев тақсими қарзҳои боимтиёзро барои соҳибкорон ва деҳқонон баррасӣ кард.

"Дар ин чорабинӣ соҳибкорон аз ноҳияҳои Қуқанду Марғилон дар доираи барномаи президентӣ қарзи боимтиёз дарёфт карданд. Дар ин чорабинӣ соҳибкорон ва намояндагони бонкҳо низ ширкат доштанд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Шуҳрат Ғаниев соҳибкорон ва деҳқонони ришдорро таҳқир кард.

"Ҳоким деҳқони ришдореро аз чорабинӣ пеш кард. "Дархости ту лағв шудааст", гуфт Ғаниев. Вай ҳамчунин ҷавони ришдори дигареро ҳам аз толор пеш кард. Ин дар ҳоле буд, ки як рӯз пеш Ғаниев бо муроҷиат ба соҳибкорону деҳқонон гуфта буд, ҳамаи монеаҳо ва мушкилиҳоро рафъ хоҳад кард. Акнун барои доштани риш ба онҳо қарз намедиҳанд", - гуфт як соҳибкори фарғонагӣ.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Шуҳрат Ғаниев ҳамчунин ба зердастонаш дастур дода буд, ки маъракаи зидди ҳиҷоб ва ришро роҳандозӣ кунанд.

4,5 ҳазор қазоқтабор аз шаҳрвандии Чин даст кашидаанд

Аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ 4,5 ҳазор қазоқтабори Чин аризаи даст кашидан аз шаҳрвандии ин кишварро навиштаанд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин вазорат, 9 моҳи соли ҷорӣ сафорати Қазоқистон дар Чин ба 35 ҳазор қазоқтабор визаи вуруд ба Қазоқистонро додааст. "Нуҳ ҳазору чаҳорсад қазоқтабор барои мулоқот бо пайвандонашон дар Қазоқистон иҷозат дарёфт кардаанд",-омадааст дар хабари вазорат.

Ба иттилои ин ниҳод, аз моҳи январ то августи соли ҷорӣ 10 ҳазору 790 қазоқтабор аз кишварҳои хориҷ шаҳрвандии Қазоқистонро дарёфт кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли гузашта ба 18 ҳазор қазоқтабор шаҳрвандии Қазоқистон дода шуда буд.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон мегӯяд, нисфе аз қазоқтабор аз Узбекистон ба Қазоқистон кӯчидаанд ва 36 дарсади дигар аз Чин, 6,2 дарсад аз Муғулистон ва 5,4 дарсади дигар аз Туркманистон.

Таҳдиди шаҳрдори Тошканд ба рӯзноманигорон

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ 16 ноябр наворе нашр шуд, ки дар он марди садояш монанд ба шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев рӯзноманигоронро ба қатлу зиндон таҳдид карда, мегӯянд, онҳоро дар шаш сония ҳамҷинсгаро хоҳад кард.

Зоҳиран навор ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон сабт шудааст. "Як ҳафта пеш дар бораи корхонаҳои ман навиштанд ва онҳоро инҳисор номиданд. Агар ҳозир барояшон 10 ҳазор доллар бидиҳӣ, ситоишро оғоз хоҳанд кард. Онҳо кӣ ҳастанд? Палидҳои пастанд! Онҳо фарзанди инсон ё саг бошанд?",-мегӯяд марде, ки дар навор суҳбат дорад.

Ӯ дар идома рӯзноманигоронро ба қатл таҳдид карда, мегӯяд, онҳоро ҳамҷинсгаро хоҳад кард. "Тавре мекунам, ки шуморо ба маҳаллаатон роҳ намедиҳанд ва волидонатонро масхара хоҳанд кард. Ҳамсояҳоятон шарм медоранд, ки бо шумо салом кунанд. Ман ин корро карда метавонам. Барои ман ҳамҷинсгаро эълом кардани шумо мушкил аст? Осон аст! Дар 6 сония шуморо дар як таксӣ бо ҳамҷинсгаро шинонда, акс мегирам. Тамом! Шумо ҳамҷинсгаро!",-гуфта мешавад дар навор.

"Ба раҳбариятамон писанд ҳам набошад, ман хулқу феъли худамро дорам. Ман инро дар шаш сония метавонам. Ташкил карда метавонам. Ё шак дорӣ? Фаҳмонда тавонистам? Бе сабаб аз хона танҳо баромада се рӯз бедарак хоҳед шуд. Инро мехоҳед? Ҳама хомуш хоҳад шуд. Касе ҳам дар бораи шумо намепурсад. Онҷо хоҳанд навишт, инҷо дар як ҳафта ҳама фаромуш мекунанд. Тамом! Мегӯянд, ҳангоми оббозӣ дар куҷое ғарқ шуд! Ҳаёт ҳамин аст! Бинобар ин, бо мо ҳамкорӣ кунед. Агар шумо мушкиле доред, ба мо кумак кунед, то онро ҳал кунем",-афзудааст ӯ.

Навори мазкур дар миёни корбарони узбек, аз ҷумла рӯзноманигорон ва блогерҳо баҳсҳои тундеро ба бор овардааст.

То ҳол на худи Ортиқхоҷаев ва на хадамоти матбуотии шаҳрдории Тошканд наворро шарҳ надодаанд.

Рӯзноманигорони узбекистон мегӯянд, ин бори аввал нест, ки шаҳрдори Тошканд суханҳои қабеҳ ва таҳқиркунанда мегӯяд. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ истеъфои Ортиқхоҷаевро талаб кардаанд.

Қирғизистон барои рафъи хатари партовгоҳҳои уран 5,7 млн евро дарёфт мекунад

Ин тасмим дар IV ҷаласаи Ассамблеяи сармоягузорони барқарорсозии муҳити зист барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Лондон гирифта шуд, ки дар он муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов иштирок дошт.

"Масъалаи безараргардонии партовгоҳҳои уран дар Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои муҳими кори ҳукумат аст. Мехоҳам, ба Бонки аврупоии рушд ва бозсозӣ барои ҷудо кардани грант ба ду тарҳи безараргардонии партовҳои уран дар деҳаи Минқуш ва шаҳри Майлуу-Сууи Қирғизистон ба маблағи 5,7 млн евро миннатдорӣ баён кунам. Корҳо дар ин самт дар семоҳаи аввали соли 2020 оғоз хоҳанд шуд", - афзуд Боронов.

Бино бар омори мақомоти ҳолатҳои изтирории Қирғизистон, дар ин кишвар 92 партовгоҳи маводи радиоактивӣ мавҷуд аст, ки 36-тои онҳо дар Майлуу-Суу ҷойгиранд. Ҳаҷми умумии маводи заҳрогину хатарнок дар ин кишвар 2,9 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Ҳукумат Толибонро сабабгори таъхир дар табодули асирон номид

Анас Ҳаққонӣ, яке аз раҳбарони шабакаи Ҳаққонӣ аст, ки гуруҳи террористӣ ба ҳисоб меравад ва мумкин аст, ӯро ҳам озод кунанд.

Ҳукумати Афғонистон гуфт, таъхир дар табодули се мақоми Толибон бо ду гаравгони ғарбӣ ба айби ин гурӯҳи ифротгаро ба таъхир афтодааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 16-уми ноябр гуфт, “зиндониёни Толиб ҳанӯз дар дасти ҳукумат ҳастанд.” Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи ҳукумат рӯзи 16-уми ноябр дар Твиттер навишт, “Иҷро накардани шарти табодул аз тарафи Толибон сабаби таъхир дар ин раванд шудааст” ва афзуд, ҳукумат бо арзёбии вазъ, қарореро қабул мекунад, ки ба нафъи кишвар бошад. Ҳукумати Афғонистон нагуфтааст, ки Толибон кадом шарти табодули асирон бо гаравгононро иҷро накардааст. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 12-уми ноябр гуфт, баъзе аз зиндониёни Толибро, ки дар зиндони Багром нигаҳ медоранд, “шартан” озод мекунанд. Раҳоии ҷангҷӯёни Толибро як қадами муҳими ҳукумат барои музокироти мустақим бо Толибон мешуморанд. Ин гуруҳ ҳукуматро дастнишондаи кишварҳои ғарбӣ номида аз гуфтугуи мустақим бо он дар бораи хотима додан ба ҷанг худдорӣ кардааст.

Ҳалокати 18 нафар дар таркише дар Ҳалаб

Ал -Боб саҳнаи ҷангҳои шадиде будааст.

Дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришуда дар Ал-Боб як шаҳри шимолии Сурия 18 нафар кушта шудаанд. Дар ин бора фаъолони мухолифони Сурия ва вазорати дифои Туркия хабар дод, ки нерӯҳо дар ин шаҳр таҳти ҳимояти он қарор доранд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Инсон дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 16-уми ноябр гуфт, ки дар ин таркиш 19 нафар аз ҷумла 13 ғайринизомӣ кушта шуданд.

Ал-Боб дар вилояти Ҳалаб ҷойгир аст. “Медиа Сентер” -як маркази хабарии фаъолони мухолифон дар Ҳалаб гуфт, ки таркиш дар як ҷойи пуродам ва наздикии истгоҳи автобус сурат гирифтааст. Вазорати дифои Туркия гуфт, ки теъдоди қурбониён 18 нафар аст ва ҳамларо кори дасти ошӯбгарони курд номид. Туркия размандагони курдро террорист меномад ва мегӯяд, ки онҳо бо ҷудоиталабони курд дар дохили Туркия робита доранд. То кунун касе масъулияти ҳамла дар Ал-Бобро ба ӯҳда нагирифтааст.

Русия киштиҳои Украинаро бармегардонад

Киштиҳои Украина ҳангоми берун шудан аз Керч

Бино ба гузоришҳо, Русия се киштии тасарруфкардаи Украинаро ба зудӣ ба ин кишвар бармегардонад. Ҳарсе киштиро рӯзи 17-уми ноябр ҳангоми ҳаракат дар назди гулугоҳи Керч ва зери назорати нерӯҳои дарёии Русия мушоҳида кардаанд. Расонаҳои Украина ва Русия гуфтанд, ки мумкин аст, ҳарсе киштиро дар қаламравҳои байналмилалии обӣ ба мақомоти Украина супоранд. Аз ин пештар Андрей Ермак, дастёри раиси ҷумҳури Украина, дар бораи марҳилаи ниҳоии бозгардонидани киштиҳо хабар дод.

Русия киштиҳои хурди украиниро ноябри соли 2018 дар наздикии нимҷазираи Қрим боздошт кард. Маскав гуфт, ки киштиҳо ба қаламравҳои обии Русия ворид шуданд, ҳарчанд баъди ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон онро қаламрави Русия эътироф накардаанд. Мақомоти Украина иддаоҳо дар бораи вуруд ба қаламравҳои обии Русияро рад кардаанд. Маскав моҳи сентябр маллоҳони ҳамин киштиҳои украиниро бо баъзе аз зиндониёни рус иваз кард.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури нави Украина баъди расидан ба ин мақом дар баҳори имсол, саъй дорад, ба муноқиша бо Русия поён бидиҳад. Дар ҷанги 6-солаи ҷудоиталабони тарафдори Русия ва ҳукумати Украина дар шарқи кишвар то кунун 13 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Қарор аст, раҳбарони Олмону Фаронсаву Украина ва Русия дар шаҳри Париж ҷамъ омада ва роҳҳои ҳалли муноқишаро баррасӣ кунанд.

Идомаи эътирозҳо ва ҳимояти Хоманаӣ аз қарори ҳукумати Эрон. ВИДЕО

Тазоҳурот дар шаҳри Исфаҳон дар рӯзи 16-уми ноябр

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон бо ҳимоят аз қарори ҳукумат дар бораи боло бурдани қимати бензин, мардумеро танқид кард, ки ба зидди ин қарор дар чанд шаҳри Эрон эътироз карданд. Рӯзи 17-уми ноябр дар баъзе аз гӯшаҳои Эрон тазоҳургарон бо пулиси зиддиюриш бархӯрд карданд. Бино ба гузоришҳо, дастрасӣ ба Интернет дар бисёре аз манотиқи кишвар аз ҷумла Теҳрон қатъ шудааст.

Эътироз дар Эрон баъди 15-уми ноябр баъди эълони маҳдуд кардани фурӯши бензин ва боло бурдани қимати он оғоз шуд. Дар шаҳри Сирҷон дар ҷанубушарқи Эрон рӯзи 16-уми ноябр як нафар дар ҷараёни тазоҳурот кушта шудааст. Бар асоси гузоришҳои тасдиқношуда, чаҳор нафар дар шаҳрҳои дигар аз ҷумла Беҳбаҳон, Исфаҳон ва Маривон ба ҳалокат расидаанд. Дар умум бино ба гузоришҳо дар 50 шаҳр тазоҳурот сурат гирифтааст.

Нигоҳе ба рӯзи дуввуми эътирозҳо ба афзоиши қимати нафт дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Дар Эрон қимати бензин яке аз арзонтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, чун ҳукумат барои фурӯши он ёрона ва ё кӯмакпулӣ мепардозад. Ин кишвар соҳиби захираҳои азими нафту газ аст, вале ба сабаби таҳримоти байналмилалӣ наметавонад, истихроҷу коркарди онро зиёд кунад. Корхонаҳои коркарди нафт ҳам кӯҳна шудаанд ва ба сабаби таҳримоти иқтисодӣ, Эрон наметавонад, барои навсозии онҳо таҷҳизоти хориҷӣ бихарад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аввали имсол, Эронро ба риоят накардани созиши атомии соли 2015 муттаҳам кард ва таҳримоти нафасгиркунанда ба зидди Эронро барқарор кард. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар як суханронӣ, ки дар телевизиони давлатӣ нашр шуд, аз мақомоти амниятӣ хост, ки “вазифаҳояшонро иҷро кунанд”, вале шарҳе надод. Ӯ афзуд: “Баъзе аз мардум бешубҳа аз ин қарор нигаронанд, вале харобкорӣ ва оташ задан кори дасти авбошон аст, на мардуми мо.” Ӯ хориҷиёнро ба харобкорӣ муттаҳам кард ва гуфт: “Мухолифони инқилоб ва душманони Эрон ҳамеша аз харобкорӣ ва халалдор шудани амният тарафдорӣ кардаанд ва ин корро идома медиҳанд."

Интихобот дар Ҷумҳурии Беларус бо ҳузури мухолифон

Дар Ҷумҳурии Беларус интихоботи порлумонӣ идома дорад ва бо вуҷуди ҳузури номзадҳои зиёде аз мухолифон аксарият бовар доранд, ки тарафдорони раиси ҷумҳур Александр Лукашенко бештари курсиҳоро соҳиб мешаванд. Интихоботи рӯзи 17-уми ноябр дар замонест, ки Беларус дар чаҳорроҳа қарор дорад. Фишори Русия ба Беларус барои ҳамкориҳои наздиктари низомӣ ва иқтисодӣ, Лукашенкоро водор кардааст, аз паси тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Чин шавад.

Як давраи дигари раёсати ҷумҳурии худи ӯ, ки 25 сол аст, кишвари 9.5 миллионнафариро раҳбарӣ мекунад, соли оянда ба поён мерасад. Ва ҳоло ин суол матраҳ аст, ки ҳукуматдории худкомаи Лукашенко то кай идома мекарда бошад. Барои 150 курсии палатаи поёнии Маҷлиси Миллии Беларус, ки мутеи ҳукумат аст, 500 номзад ба мақоми вакилӣ рақобат доранд. Бештар аз 200 довталаби курсии вакилӣ ва аксарият аз тарафдорони мухолифонро ба интихобот роҳ надоданд, чун ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оварда натавонистаанд.

Аз ҷумла Ҳанна Канапатская, узви Ҳизби Шаҳрвандони Муттаҳид, як ҳизби мухолифи давлат ва Алёна Анисим, номзади мустақили наздик ба мухолифон аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум шуданд. Ҳарду соли 2016 ба порлумон роҳ ёфтанд ва баъди соли 1996 нахустин вакилони мустақил ва ё мухолиф дар Маҷлиси миллии Беларус шуданд.

Ҳафт узви гуруҳи Толибонро дар Кундуз куштаанд

Мақоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар ноҳияи Майванди вилояти Кундуз ҳафт узви гуруҳи Толибон кушта шудаанд.

Хоҷа Яҳёи Алавӣ, сухангуи Артиши миллии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин амалиёт рӯзи ҷумъа, 15-уми ноябр сурат гирифт.

Ӯ афзуд, ки дар ҷараёни ҳамла ҳафт ҷангии гуруҳи Толибон кушта ва ду тан захмӣ шуданд.

Толибони мусаллаҳ ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Улусволӣ ё ноҳияи Майванд як минтақаи ноамни вилояти Кундузи Афғонистон аст.

Дар ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи урдуи миллӣ дар ин ноҳия дар аввали соли равон даҳ сарбоз кушта шуда буд.

Бахши «Север. Реалии»-и Радиои Озодӣ дар Русия шомили руйхати "агенти хориҷӣ" шуд

Вазорати адлияи Русия бо нашри як баёния, саҳифаи интернетии бахши русиии «Север. Реалии»-и Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар руйхати расонаҳое шомил сохт, ки ба гуфтаи ин вазорат, ҳамчун «агенти хориҷӣ» ифои вазифа мекунанд.

Сомонаи русиии «Север. Реалии»-и Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз моҳи сентябри имсол ба фаъолият оғоз кард ва бештар ҳодисаву воқеаҳои шимолу ғарби Русияро инъикос мекунад.

Вазорати адлияи Русия дар баёнияи худ гуфтааст, ки ин тасмим бар асоси натиҷагирӣ аз сӯи Кумитаи маҷлиси намояндагон дар умури дохилӣ гирифта шудааст.

Як сол пеш низ Вазорати адлияи Русия Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва чанд расонаи дигарро “агенти хориҷӣ” унвон дод. Чунин унвонгузорӣ баъди он шурӯъ шуд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия моҳи ноябри соли 2017 зери қонуне имзо гузошт, ки ба мақомот иҷоза медиҳад, расонаҳоеро, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, “агенти хориҷӣ” унвон диҳанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ин қонуни Русияро сахт танқид карданд.

Додгоҳ мушовири собиқи Трампро айбдор эътироф кард

Роҷер Стоун, мушовири собиқи Доналд Трамп

Роҷер Стоун, мушовири собиқи Доналд Трамп аз ҷониби ҳайати додгоҳ айбдор эътироф шуд.

Дар ин бора рӯзи ҷумъа Оҷонсии Ройтерс хабар дод.

Ба навиштаи «Садои Амрико» Стоун ба ҳафт банди қонун, аз ҷумла шаҳодати дуруғ ба Конгресс, монеи адолати додгоҳӣ шудан ва фишор ба шоҳидон айбдор мешавад.

Роҷери 67 сола аъзои ҳизби Ҷумҳурихоҳон аст.

Тибқи шаҳодати Стив Баннон, собиқ роҳбари ситоди маъракаи пешазинтихоботии Трамп, Стоун аз пеш иттилоъ дошт, ки сомонаи WikiLeaks метавонад ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳакерҳо аз серверҳои Кумитаи Миллии Ҳизби Демократӣ дуздидаанд, нашр кунад.

Ин маълумот, ки баъдан нашр шуд, ба обруи Ҳиллари Клинтон, рақиби Доналд Трамп дар интихоботи соли 2016 осеб расонд.

Боздошти муовини "Вазири ҷанг"-и ДОИШ дар Украина

Ал-Бара Шишонӣ

Мақомоти Украина аз боздошти як чеҳраи калидии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” хабар доданд.

Хадамоти амнияти Украина рӯзи 15-уми ноябр бо нашри изҳороте дар шабакаи Фейсбук хабар дод, ки Ал-Бара Шишонӣ, шаҳрванди Гурҷистон дар наздикии Киев боздошт шуд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки хадамоти истихборотии Амрико ва Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон дар амалиёти боздошти ӯ ширкат доштанд.

Вика Климичева, сухангуи Хадамоти давлатии амнияти Гурҷистон тасдиқ кард, ки ин шахс дар Украина боздошт шудааст ва гуфт, номи зодгоҳи ӯ дар Гурҷистон Сезар Токосашвилӣ аст.

Ал-Бара Шишонӣ ҳамчун муовини Абу Умар ал-Шишонӣ, нафаре, ки Пентагон онро "вазири ҷанг"-и гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” медонист, шинохта мешавад.

Пас аз кушта шудани “Вазири ҷанг”-и гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ", Шишонӣ ба Туркия фирор кард ва он ҷо бо таҳияи шиносномаи қалбакӣ вориди Украина шуд. Ба нақли Хадамоти амнияти Украина ӯ аз хоки ин кишвар бо тундравон тамос доштааст.

Ӯ дар як хонаи иҷора дар наздикии пойтахти Украина дастгир шуд.
“Тафтиш нишон дод, ки воқеан ӯ Шишонӣ аст”,--гуфта мешавад, дар изҳорот.

Ал-Бара Шишонӣ ва Абу Умар ал-Шишонӣ ҳарду дар Гурҷистон таваллуд шудаанд ва аз афроди муҳими гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" буданд.

Қабули барномаи мубориза бо вазни барзиёд дар Тоҷикистон

"Барномаи пешгирӣ аз фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024" дар Тоҷикистон қабул шуд.

Пеш аз қабули барнома масъалаи вазни барзиёди сокинон дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шуд ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода гуфт, мавзӯи мазкур ба "таваҷҷуҳ" ниёз дорад.

Пажуҳиши Вазорати тандурустии Тоҷикистон собит кардааст, ки 17 дарсади аҳолии кишвар вазни барзиёд доранд ва 11,3 дарсади дигар аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд. Ба ҷуз ин, ошкор шудааси, ки 5 дарсади кӯдакони синни мактабӣ низ вазни барзиёд доштаанд.

Ин дар ҳолест, ки Созмони Байналмилалии Тандурустӣ мегӯяд, тоҷикистониҳо нисбат ба сокинони дигари кишварҳои Шӯравии собиқ камтар аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд. Пажуҳишгоҳи байналмилалии сиёсати ғизоӣ дар соли 2016 Тоҷикистонро "гуруснатарин" кишвари Шӯравии пешин унвон кард. Ба иттилои институти мазкур, наздики 33 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз камғизоӣ ранҷ мекашанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки сокинон бештар маҳсулоти хамирӣ ва ширинӣ мехӯранд. Маҳсулоти хамирӣ қисмати асосии ғизои сокинонро ташкил медиҳад.

Қирғизистон аз Қазоқистон 50 ғизол "қарз" гирифтанист

Қирғизистон барои афзоиши саршумори оҳуҳои кишвар аз Қазоқистон 50 сар ғизол дархост кард. Дар ин бора Оҷонси давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Қирғизистон хабар дод.

Мақомоти Қирғизистон мехоҳанд, ғизолҳои қазоқистониро дар соҳили шимолии Иссиқкӯл ва ҷанубу ғарби обанбори Урта-Туқай сар диҳанд.

"Ин маҳалҳо барои сукунати ғизол мувофиқ аст. Дар солҳои 30-70-уми асри пор дар ин маконҳо ғизол мавҷуд буд", - гуфт раиси Оҷонси давлатии ҳифзи муҳити зисти Қирғизистон Мирослав Амонқулов.

Ба иттилои ниҳоди мазкур, дар асри гузашта шумори зиёди ғизолҳо дар Қирғизистон мавҷуд буд. Дар солҳои 80-90-уми асри гузашта шумори онҳо якбора кам шуд. Дар ҳоли ҳозир ғизол дар Иссиқкӯли Қирғизистон умуман мавҷуд нест.

Байни Қирғизистон ва Қазоқистон шартномаи интиқоли 50 ғизол ба имзо расидааст.

Ҷайрон дар Китоби сурхи Қирғизистон шомил шудааст. Барои шикори ғайриқонунии ғизол дар Қирғизистон як миллион сом (ҳудуди 140 ҳазор сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар Узбекистон 20 000 никоҳи мусалмониро расмӣ карданд

Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ӯзбекистон дар пайи як санҷиш муайян кардаанд, ки беш аз 20 ҳазору 350 оила бо никоҳи исломӣ зиндагӣ мекунанд. Никоҳи онҳоро расман ба қайд гирифта, барояшон шаҳодатнома додаанд.

Дар ин бора 13 ноябр дар нишасти хабарие иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба тақвияти институти оила дар Ӯзбекистон баргузор гашт.

Дар Ӯзбекистон аз моҳи июли соли 2018 раҳбарии шуъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандии сокинон бар зиммаи муовинони раисони шаҳру навоҳӣ вогузор шуд. Пас аз ин тағйирот дар саросари Ӯзбекистон 13 ҳазору 478 кӯдаке ошкор карда шуд, ки шаҳодатномаи таваллуд надоранд. Ба ҳамаи онҳо шаҳодатномаи таваллуд дода шуда, ҳамчунин 21 ҳазору 229 оилаи дигар соҳиби шаҳодатномаи ақди никоҳ шуданд.

То ин замон шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зертобеи Вазорати адлияи Ӯзбекистон буданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Эътирозгаронро аз назди бинои парламенти Гурҷистон хориҷ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00
XS
SM
MD
LG