Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи Тоҷикистон ва UNESCO дар мавриди ёдгориҳои буддоӣ


Кароматулло Олимов, раиси Кумисюни миллии Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (UNESCO) дар Тоҷикистон дар Порис бо мудири кулли UNESCO Койичиро Матсуура созишномаеро ба имзо расонд, ки бо истифода аз сармоягузориҳои Ҷопон ҳифзу бозсохти гурӯҳи ёдгориҳои таърихии буддоӣ дар Аҷина-теппаро амалӣ хоҳад кард. Ҷаноби Олимов, ки сафари аврупоии худро дар Прага бо ширкат дар анҷумани Созмони амният ва ҳамкории Аврупо идома дод, ба радиои Озодӣ гуфт, харҷи ин барнома дар ҳудуди 700 ҳазор доллар тарҳрезӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дайри буддоӣ дар Аҷина-теппа бозсозӣ шуда, ҳамчунин роҳу пул ва зербинои иҷтимоӣ дар атрофи он бино ва тармим хоҳанд шуд.
Тибқи хабари дафтари матбуоти UNESCO, ин барнома ҳамчунин бозсохти ёдгориҳои марбут ба дайри буддоиро дар Осорхонаи бостоншиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва таълими коршиносони тоҷикро низ фаро мегирад. Мудири кулли UNESCO Койичиро Матсуура дар маросими имзои санад гуфтааст, вазъи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дахолати фавриро талаб мекунанд ва омӯзиши онҳо маълумоти аҳли башарро дар бораи ин қисмати ҷаҳон дар давраи Роҳи Бузурги Абрешим комил хоҳад сохт.
Ҷаноби Олимов дар ин маросим ҷоизаи Тоҷикистон -- нишони "Академик Баҳоваддинов"-ро ба ҷаноби Матсуура тақдим кард. Олимов гуфт, намоиши ҳунармандони Тоҷикистон дар ҷашнвораи Осиёи Марказӣ дар толори UNESCO дар Порис бо шӯру ҳаяҷон истиқбол гардид.
Салими Аюбзод, Прага
XS
SM
MD
LG