Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани нозири давлатӣ


Корманди Кумитаи давлатии назорати молияи Тоҷикистон, Тӯйчӣ Қиличев барои ситонидани ришва ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ бо ҳукми додгоҳи вилояти Суғд ба нӯҳ соли ҳабс ва мусодираи амвол маҳкум шуд. Мавлуда Қаландарова додрас ва раиси мурофиаи ин қазия гуфт, Тӯйчӣ Қиличев 18 августи соли 2004 барои санҷиши фаъолияти молии хоҷагии кишоварзии «Ирам» ба ноҳияи Конибодом омада, ҳангоми санҷиш камбудиҳои ҷиддии молии хоҷагиро ошкор сохтааст.
Вале барои рӯйпӯш намудани онҳо аз сарварони хоҷагии «Ирам» 20 ҳазор доллари амрикоӣ пора талаб кардааст. Мавлуда Қаландарова афзуд, камбудҳои молии хоҷагии кишоварзӣ, ки Туйчӣ Қиличев бар ивази гирифтани ришва пинҳон доштани онҳоро ба сарони хоҷагӣ ваъда кардааст, беш аз 5 миллион сомонӣ мебошад. Аз ҷумла, музди кори аъзои ин хоҷагӣ дар муддати се соли ахир пардохта нашудааст.
Корманди кумитаи давлатии назорати молия, ҳангоми ситонидани ришва аз сарварони хоҷагии «Ирам» моҳи октябри соли 2004 аз ҷониби кормандони додситонии Конибодом боздошт шудааст. Аммо ӯ на дар ҷараёни тафтиш ва на зимни муҳокима ҷурми ришваситониро эътироф накарда ва гуфтааст, аз ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Кумитаи давлатии назорати молия як ниҳоди тобеъ ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои салоҳияти назорат бар фаъолияти молии муассисаҳои давлатӣ аст. Беш аз панҷоҳ дар сади саҳмияи хоҷагии «Ирам» низ аз они давлати Тоҷикистон аст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Конибодом
XS
SM
MD
LG