Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи иттиҳомоти ниҳоӣ ба Ғаффор Мирзоев


Додситонии кулли Тоҷикистон бо эъломи иттиҳомоти ниҳоӣ алайҳи Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва фармондеҳи собиқи Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати бозрасии парвандаи ҷиноии ӯро то шашуми июл тамдид кардааст. Баъд аз замони боздошти генерал Ғаффор Мирзоев дар тобистони соли гузашта бори шашум аст, ки мӯҳлати тафтиши парвандаи ҷиноии ӯ тамдид мешавад.
Манучеҳр Нуров - сардори идораи бозрасии ҷиноёти махсусан муҳими додситонии низомии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни бозрасӣ ҷиноёти дигари генерал Мирзоев ошкор гардид, ки боиси эъломи иттиҳомоти тоза алайҳи ӯ шудааст.
Манучеҳр Нуров афзуд, алайҳи генерал Мирзоев дар асоси 170 моддаи Қонуни ҷиноӣ айб эълом шудааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ Ғаффор Мирзоев, аз ҷумла дар кӯшиши табадуллоти давлатӣ ва ғасби ҳокимият айбдор дониста шудааст. Дар ҳамин ҳол Қаюм Юсуфов, яке аз вукалои дифои Ғафор Мирзоев гуфт, ҳамчунин нафари зери ҳимояти ӯ дар силсилатаркишҳои ахир дар назди бинои додситонии кулл, вазорати умури дохила ва дар маҳалли гардиши фурудгоҳи пойтахт ва ҳамчунин хиёбони мавсум ба Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб, ба қочоқи силоҳу муҳимот ва афзори низомӣ ва паҳнкардани варақаҳо бо даъвати ғасби ҳокимият гумонбар дониста мешавад.
Ба гуфтаи вакили дифои генерал Мирзоев, бархе аз иттиҳомоти қаблан эъломшуда, аз ҷумла убури ғайримуҷози марзи давлатӣ барои нокифоятии далоил лағв шудааст. Ба ҳамин тартиб, дар пайи лағви ҷазои ҳукми қатл ва ворид кардани иловаҳо ба Қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар сурати таъйиди иттиҳомот дар додгоҳ генерал Ғаффор Мирзоевро 25 соли зиндон ва ё ҷазои ҳабси абад интизор аст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG