Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими футболи "Регар - ТадАЗ" соҳиби Ҷоми раиси AFC шуд


Тими "Регар - ТадАЗ", қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии даври ниҳоии мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси Конфедерасиюни футболи Қораи Осиё, ки як ҳафта боз дар шаҳри Катманду, пойтахти Непал байни тимҳои қаҳрамони футболи 8 кишвари ин қора идома дошт, бар тими "Дордой - Динамо" аз шаҳри Норини Қирғизистон бо ҳисоби се бар сифр ғалаба карда, ин ҷомро ба даст овард.
Дар ин бозӣ, ки шоми шанбе, 14 май доир шуд, тӯбҳоро барои "Регар - ТадАЗ" Низом Раҳимов, Хол Эргашев ва Хуршед Маҳмудов заданд.

Сипас раиси конфедерасиюни футболи қораи Осиё Муҳаммад Бин Ҳаммам ва валиаҳди Непал Парас ҷому медолҳои тилои ин мусобиқотро ҳамроҳ бо як ҷоизаи панҷоҳҳазордолларӣ ба футболбозони тоҷик супурданд. Футболбозони қирғиз бо медолҳои нуқра ва 25 000 доллар ҷоиза тақдир шуданд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG