Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Тоҷикистон аз суханрониҳои мақомоти Қирғизистон


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти эътирозӣ унвонии сафорати Қирғизистон дар Душанбе изҳори назарҳои ахири бархе аз мақомоти расмии ин кишварро дар робита ба Тоҷикистон таҳқиромез номидааст. Дар ёддошт зикр шудааст, ки дар суханрониҳои бархе аз мақомоти қирғиз вақтҳои ахир бо ишора ба ҳаводиси даҳ сол пеши Тоҷикистон таъкид мешавад, ки дар Қирғизистон такрори ба истилоҳ "ҳаводиси тоҷикӣ" имконнопазир аст.
Ба гуфтаи Игор Сатторов, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кишвараш бо ин навъ нисбатдиҳӣ ва ишораҳои бемавқеъи иддае аз мақомоти қирғиз мувофиқ нест ва чунин амалкардро тавҳин ба ҳайсияти мардуми тоҷик талаққӣ менамояд.
Оқои Сатторов гуфт: «Ҷониби Тоҷикистон мӯътақидаст, ки чунин рафтори бархе мақомоти кирғиз на танҳо ба ҳалли мушкилоти кишвари ҳамсоя, балки ба рушди равобити ду кишвар низ таъсири манфӣ мерасонад.»
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон афзудааст, ки ин кишвар ба таври бебозгашт вориди марҳалаи созандагӣ ва сулҳу субот шудааст ва наметавон онро чун омили хатарзо ва баҳамзанандаи субот барои дигар кишварҳо донист.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG