Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи аҳзоби сиёсӣ пароканда эълон шуд


Эътилофи ҳизбҳои сиёсӣ барои интихоботи одилона ва шаффоф, ки як сол пеш бо иштироки чаҳор ҳизби Тоҷикистон ва бо мақсади ҳамоҳангии кори онҳо дар ростои интихоботи порлумонӣ таъсис ёфта буд, пароканда эълон шуд. Намояндагони эътилоф -- ҳизбҳои Сотсиал-демократ, Демократ, Наҳзати исломӣ ва Сотсиалист фаъолият ва таъсири ин иттиҳод, омилҳои нокомии онро баррасӣ карданд. Дар поёни кори эътилоф, ноиби раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Шокирҷон Ҳакимов ба радиои Озодӣ гуфт, эътилоф ба ҳадафҳои худ нарасид, зеро шароити мавҷудаи сиёсӣ ва мудохилаи ниҳодҳои давлат ба интихоботи порлумонии 27-уми феврал натиҷаҳои кори эътилофро аз байн бурд. Ҳакимов гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки чунин эътилоф дар пайванд бо интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2006-ум дубора таъсис ёбад.
Ноиби раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев афзуд, бо вуҷуди нокомияш, ки бештар аз омилҳои беруна маншаъ гирифт, таъсиси чунин эътилофи сиёсӣ таҷрибаи муҳиме буд, ки роҳҳои ҳамкорӣ ва ҳамбастагиро, ба ҳизбҳои гуногун омӯзиш дод. Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода гуфт, эътилоф натавонист дар ҳамаи сатҳҳои ҳизбҳои узв ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиро ба вуҷуд оварад.
XS
SM
MD
LG