Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти Покистон дар Хуҷанд


Барои аввалин маротиба дар маркази вилояти Суғд субҳи рӯзи панҷшанбеи 28-уми апрел намоишгоҳи Палатаи савдо ва саноати шаҳри Лоҳури Покистон ифтитоҳ ёфт. Дар толори намоишгоҳ маҳсулоти саноати сабук, аз қабили дорувор ва ранг, либосворӣ ва ороишот, компутар ва гармибахшҳои барқӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Икромуллоҳ Мақсуд - сафири Покистон дар Душанбе, ки дар маросими ифтитоҳ ҳузур дошт, гуфт, ба намоиш 32 ширкати кишвараш 14 навъ маҳсулоти саноатии худро пешниҳод кардаанд. Сафири Покистон ин иқдомро ба хотири тавсеъаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва савдои кишвараш бо Тоҷикистон, бахусус вилояти Суғд, арзёбӣ кард. Вай афзуд: «Мо бори нахуст тобистони соли гузашта маҳсулоти саноатии Покистонро дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта будем ва дар пайи он дар пойтахти Тоҷикистон маркази тиҷоратии худро ҳам таъсис додем. Ҳамакнун ҳадафи мо бозомӯзии бозори Суғд аст. Агар маҳсулоти мо мавриди писанд қарор ёбад ва мувофиқа ҳосил шавад, интиқол ва фурӯши доимии онҳоро дар ин ҷо низ роҳандозӣ хоҳем кард.»
Икромуллоҳ Максуд - сафири Покистон дар Душанбе афзуд, вай ба мақомоти Суғд дар мавриди боз намудани як роҳи мустақими ҳавоӣ байни Суғд ва кишвараш ва бунёди аквапарк дар Хуҷанд пешниҳод кардааст. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, Покистон омода аст, дар самтҳои истеҳсоли якҷояи маҳсулоти хурди саноатӣ ва доруву шарбат бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд.
Масъулини ҳукумати Суғд ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Покистон дар Хуҷандро нахустин иқдоми ҷиддии ин кишвар дар самти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ин кишвар бо Суғд меҳисобанд. Намоиши маҳсулоти саноатии Покистон дар Хуҷанд, ба гуфтаи баргузоркунандагони он, то рӯзи аввали моҳи май идома хоҳад дошт.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG