Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯён тарзи баргузории нишасти хабариро меомӯзанд


Аввалин қадамҳои ташкили нишастҳои матбуотӣ ва ҷиҳатҳои ҳуқуқию амалии ин маъракаҳоро кормандони дафтар ва марказҳои матбуотии вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар як семинар мавриди баҳс қарор доданд. Ин омӯзиш бо ташаббуси дастгоҳи президент ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон доир гашт. Ба маълумоти корманди ин анҷуман Мавҷуда Ҳасанова, дар семинар мушовири давлатии президент Кароматулло Олимов, мудир шӯъбаи дастгоҳи президент Кароматулло Мирзоев, корманди масъули датсгоҳи президент маҳмудхон Сараев ва раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев суханронӣ карданд. Дар нишаст мӯҳтавои фармони ахири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар бобати таҳкими робита ва ҳамкории ниҳодҳои давлат ва расонаҳои хабарӣ шарҳ дода шуд. Ширкатдорони он гуфтанд, тадриҷан дастрасии матбуот ба маълумот дар кишвар густариш ва суръат пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG