Дэвид Барно - фармондеҳи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон дар Душанбе гуфт, дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон масоили тақвияти ҳимояти марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамоҳангии мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар минтақа мавриди гуфтӯгу қарор гирифтанд. Генерали амрикоӣ гуфт, аз талоши марзбонони тоҷик дар таъмини амнияти марз ва кашфу забти маводи мухаддир аз қочоқбарон қадрдонӣ мекунад ва аз ҷониби худ нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба он мекӯшанд, ки дар ташкили нерӯҳои марзбон ба давлати Афғонистон кумак расо-нанд. Аз соли 2002 то кунун ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон барои таҳкими нерӯҳои марзбони ин кишвар ва ҳамчунин ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир наздик ба 13 миллион доллари амрикоӣ кӯмак на-мудааст. Амрико қасд дорад, дар соли ҷорӣ низ бо ин ҳадаф ба маблағи якуним миллион доллар кумакҳои фаннӣ дар ихтиёри нерӯҳои марзбонони тоҷик қарор диҳад.
Сафари генерали амрикоӣ дар рӯзҳое сурат мегирад, ки Тоҷикистон фурудгоҳи ҳарбии худро дар шаҳраки ба номи Айнӣ ҳамчун бахше аз пойгоҳи ҳарбии Русия дар ин кишвар ба ихтиёри вазорати дифоъи Русия супурдааст ва ҳамзамон гуфтааст, мусоидатро ба нирӯҳои ҳавоии НАТО барои амалиёт дар Афғонистон бо мақсадҳои башарӣ густариш хоҳад дод.
Холиқи Сангин, Душанбе