Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи раҳбари нави Қирғизистон рӯзи 10 июл доир мешавад


Порлумони Қирғизистон рӯзи душанбе, 11 апрел, баъди як ҳафтаи баҳс истеъфои Аскар Оқоев аз мақоми раёсати ин ҷумҳуриро қабул ва 10 июлро рӯзи баргузории интихоботи раисиҷумҳури нави кишвар таъйин кард.

Ва ҳам рӯзи 11 апрел Додгоҳи Олии Қирғизистон иттиҳомоти боқимонда алайҳи Феликс Қуловро лағв намуда, ба ин тартиб роҳи ин раҳбари умдаи мухолифинро барои ширкат дар интихоботи рӯзи 10 июл боз намуд. Феликс Қулов, ки дар мароҳили аввали раёсатҷумҳурии Аскар Оқоев мақоми ноиби президент ва вазири амнияти кишварро бар ӯҳда дошт, баъдан бо иттиҳоми фасодкорӣ ба маҳбас кашида шуд ва муддати бештар аз 4 солро дар зиндон ба сар бурд. Ӯ рӯзи 24 март, дар пайи тарки кишвар кардани Аскар Оқоев таҳти фишори тазоҳургарон аз маҳбас раҳо ёфт ва тайи як ҳафтаи аввали табдили ҳукумат раҳбарии ҳама ниҳодҳои интизомии Қирғизистонро дар ӯҳда дошт.

Додгоҳи Олӣ дар ҳафтаи гузашта иттиҳоми сӯъиистифода аз мақомро аз парвандаи Фелик Қулов хориҷ карда буд. Акнун аз ин парванда ҳама иттиҳомоти фасодкорӣ дар қиболи Қуловро низ хатт заданд.

Феликс Қулов ва кафили раёсатҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ду номзади аслӣ ба мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ дар интихоботи рӯзи 10 июл дониста мешаванд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG