Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳои Тоҷикистон аз раҳоии Искандаров хушҳоланд, додситони кулл норозист


Узви раёсати Ҳизби демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев мегӯяд, аъзои ҳизб аз озод шудани раиси худ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров қаноатманд буда, тасмим доранд номзадии Искандаровро ба мақоми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи соли оянда пешбарӣ кунанд.
Худи Искандаров гуфтааст, мақомоти Русия ӯро тибқи банди 62-и Қатъномаи соли 1993-и Минск озод карданд ва Додситонии кулли Русия дар ин бора ба ӯ санад додааст.
Аммо додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ба ИТАРТАСС гуфтааст, ба озод шудани Искандаров мухолиф аст ва бори дигар аз мақомоти Русия боздошту интиқоли ӯро ба Тоҷикистон дархост хоҳад кард. Вай гуфт, далелҳои иловагии ин талабнома баъд аз расидани посухи расмии мақомоти Русия ба додситонии кулли Русия фиристода хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG