Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7-уми апрел -- Рӯзи ҷаҳонии беҳдошти модару кӯдак


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва ё WHO, дар гузорише, ки ба ин муносибат имрӯз нашр намуд, навиштааст, ки ҳамасола наздик ба 10 миллиону 600 ҳазор кӯдак дар синни то панҷсола мефавтанд ва солона беш аз 530 000 модар ҳангоми обастанӣ ва ё дар вақти таваллуд кардан ҳалок мешаванд.
Бино бар ин гузориш, ки имсол ба масъалаи маргумири модару кӯдак тамаркуз ёфтааст, аз 136 миллион тифле, ки дар як сол ба дунё меоянд, беш аз 3 миллион кӯдак дар айни таваллуд ва беш аз 4 миллиони дигар дар рӯзҳои аввали зиндагии худ мемиранд.
Бино бар ин омор, шумори заноне, ки ҳамасола аз исқоти ҳамл мефавтанд, тақрибан 68 000 нафарро ташкил медиҳад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бемориҳои сирояткунанда, мушкилоти ҳангоми таваллуд, сармохӯрдагии шуш, исҳол, табларза ва амрози амсоли онро аз илали аслии чунин мизони ғайриқобилитаҳаммули маргумири модару кӯдак донистааст.
Ин созмон иҷрои фарогиртару сареътари барномаҳои ҳифзи ҳаёти модару кӯдакро, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт роҳандозӣ мекунад, як василаи муассири ислоҳи вазъи мавҷуда ва коҳиш додани шумори маргумири модару кӯдак ба хусус дар кишварҳои фақири ҷаҳон номидааст. Аммо WHO мегӯяд, ки барои иҷрои чунин барнома дар кишварҳои дар ҳоли рушд солона ба 9 миллиард доллар сармояи бештар ниёз хоҳад дошт.
Мирзои Салимпур
Маълумоти бештар дар саҳифаи интернетии WHO
XS
SM
MD
LG