Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ба Кобул


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров дар Кобул бо ноиби аввали президенти Афғонистон Аҳмадзиё Масъуд заминаҳои сафари дарпешистодаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро ба Кобул баррасӣ кард. Тибқи хабари телевизиони Афғонистон тарафҳо ҳамкориҳои дуҷониба ва барномаҳои мушатараки иқтисодию тиҷоратии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷаноби Масъуд изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои минтақа ба рушди иқтисодии Афғонистон таваҷҷӯҳи зиёд медиҳанд. Вай аз нақши Тоҷикистон дар давраи муқовимати мардуми Афғонистон ба тундгароии мазҳабӣ ва ишғолгарии хориҷӣ истиқбол кард. Ҷаноби Назаров гуфт, кишвараш омодааст ба Афғонистони ҳамсоя дар таҳияи мутахассисон, мубориза бо қочоқи маводи мухадир, рушди беҳдошт кӯмак расонад. Вай гуфт, бунёди панҷ пул аз рӯи рӯди Омӯ ба густариши ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя мадад хоҳад расонд.
Гуфта шуд, созишномаи сохтмони ин пулҳо дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Кобул имзо хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG