Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи муҳокимаи аъзои гурӯҳи «Байъат»


Додгоҳи вилояти Суғд субҳи 31 - уми март муҳокимаи ҳашт сокини ноҳияи Исфараро, ки ба узвият дар гурӯҳи тундрави мавсум ба «Байъат» ва як идда ҷиноёти вазнин муттаҳам мешаванд, шурӯъ кард. Ҷӯрабек Сангинов - раиси мурофиа гуфт, ин ҳашт нафар дар таъсиси иттиҳоди мазҳабиву ҷиноӣ мавсум ба «Байъат», қатлу сӯиқасд, ғоратгариву авбошӣ, қасдан нобуд кардани амволи одамон ва мамониат ба иҷрои анъанаҳои милливу мазҳабӣ аз ҷониби додгоҳ муттаҳам шинохта шудаанд.
Аз ҷумла мақомот куштори Сергей Бессараб - рӯҳонии баптист дар шаҳри Исфара дар соли 2004 - ро кори дасти аъзои гурӯҳи «Байъат» меҳисобанд. Дар байни муттаҳамин Сайдулло Мадёров - як сокини деҳаи Чоркӯҳи Исфара, ки дар қатли ин рӯҳонӣ даст доштааст, низ ҳаст. Сайдулло Мадёров қаблан барои ҳифзу истифодаи ғайриқонунии силоҳ ва сӯиқасд бар ҷони шаҳрвандон ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Аммо ҷараёни баъдии тафтиш даст доштани ӯро дар қатли як соҳибкори исфарагӣ - Икром Холматов ва аз худ кардани 27 ҳазор доллари амрикоии ӯ ва сӯиқасд бар ҷони як сокини дигари ин маҳал ошкор сохтааст. Ба иттилоъи додгоҳи Суғд, ҳангоми боздошти муттаҳамин аз манзил ва пинҳонгоҳҳои онҳо силоҳҳои оташфишон ва тиру норинҷакҳо кашфу мусодира шудааст.
Файзинисо Воҳидова - вакили мудофеъи муттаҳамин гуфт, "ин ҳашт нафари гумонбар ба ҷиноятҳои вазнин ба гуноҳи худ иқрор нашудаанд ва дар мурофиа иброз доштанд, ки баёноти онҳо аз ҷониби кормандони милиса бо роҳи ғайриқонунӣ ва лату кӯб гирифта шудааст."
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG