Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори президент Раҳмонов бо Лаёқат Алӣ Ҷатой


Лаёқат Алӣ Ҷатой - вазири энержии Покистон дар пайи мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, масъалаи эҳдоси хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон мавзӯи аслии ин сӯҳбат будааст. Лаёқат Алӣ Ҷатой афзуд, ҷониби Покистон омода аст, масоили фаннии эҳдоси ин хатро дар кӯтоҳтарин фурсат мавриди омӯзиш қарор диҳад ва бо ин ҳадаф қарор аст, то моҳи июни соли равон як ҳайъати расмии Покистон ба шумули коршиносони соҳа ба Душанбе биёяд.
Дар ҷараёни музокироти ин ҳайъат бо мақомоти Тоҷикистон интизор меравад, тасмими ниҳоии Покистон дар мавриди ихтисоси маблағ ҷиҳати шурӯъи сохтмони хати интиқоли барқ эълом шавад. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ, шояд интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон соли 2009 оғоз ёбад.
Вазири энержии Покистон ҳамчунин ширкати ниҳодҳои молиявии байналмилалиро дар иҷрои тарҳи сохтмони ин хати барқ истисно накард. Дар ҳамин ҳол Ҷурабек Нурмаҳмадов - вазири энержии Тоҷикистон гуфт, миёни ин вазорат ва Покистон дар мавриди эҳдоси хати интиқоли барқ ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст. Бар асоси арзёбии вазорати энержии Тоҷикистон тӯли ин хат то сарҳади Покистон ҳудуди 700 километрро ташкил медиҳад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG