Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболи низомии Русия дар Норак


Чархболи низомии навъи МИ-8 муталлиқ нирӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар шаҳри Норак садкилометраи пойтахти ин кишвар суқут кардааст. Маъруф Ҳасанов - мудири идораи равобити байналмилалии вазорати дифоъи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, доир ба ҳалокати нафаре аз сарнишинони чархбол маълумоте дар даст нест, аммо чанде аз онҳо маҷрӯҳ шудаанд. Ин чархбол ҷиҳати ширкат дар размоиши кишварҳои узви созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ "МАРЗ-2005", ки 29 март дар машқгоҳи ҳарбии мавсум ба Эшакмайдон дар ҷануби ин кишвар оғоз шуд, омодагӣ мегирифтааст. Агарчӣ мақомоти нирӯҳои марзбонии Русия дар мавриди суқути ҳавопаймо иттилоъ пахш намекунанд, вале ба гуфтаи вазорати дифои Тоҷикистон чархбол дар Норак дар назди пойгоҳи назорати кайҳонии мавсум ба "ОКНО" яке дигар аз иншооти низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон бинобар аз кор бозмондани яке аз муҳаррики он суқут кардааст. Ба ҳангоми суқут чархбол оташ гирифтааст. Тибқи иттиллои манобеъи вазорати дифои Тоҷикистон, суқути чархбол ва сӯхтор ба пойгоҳи назорати кайҳонии Норак осеб нарасонидааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG