Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи пурқурбонӣ дар Индонезия


Ҳукумати Индонезия имрӯз, 29 март гуфт, дар натиҷаи заминларзаи шадиди 8,7 баллӣ, ки шаби имрӯз дар ҷазираи Ниёси ин кишвар ба вуқӯъ пайваст ҳудуди 1000 нафар ба ҳалокат расиданд ва дар ҳамин рӯз нахустин тими маъмурони имдодӣ ба ин ҷазираи дурдаст расидаанд.
Марйе Муҳаммад яке аз масъулони Созмони Салиби Сурхи Индонезия гуфт, як тими наҷотбахшон ба ҷазираи Ниёс фуруд омад ва гурӯҳи дигар дар ҷазираи наздики он Саймелу. Пас аз вуқӯи заминларза то кунун доир маълумоти каме аз ҷойи ҳодиса расидааст ва аммо тибқи гуфтаи зилзилашинсон, маркази заминларза дар шимолушарқи ҷазираи Суматра воқеъ будааст.
Бинобар хароб шудани хатҳои телефон ва нерӯи барқ то кунун тамос бо ин минтақаи дурдаст қатъ шудааст. Муовини раиси ҷумҳури Индонезия Юсуф Калла субҳи имрӯз гуфт, шояд дар ҷазираи Ниёс, ки хонаҳои зиёд дар он хароб шудаанд, беш аз 2 ҳазор нафар ҷон дода бошанд. Як мақоми низомии вилояти Асеҳи Индонезия гуфтааст, ки мавҷе бо баландии се метр ба бандари Саймелу зарба зада, сабаби харобии зиёд шуд, аммо то кунун ин хабар аз ҷониби дигар манобеъ тасдиқ нашудааст.
Мардуми маҳаллоти кишварҳои соҳили Уқёнуси Ҳинд, ки заминларзаи шадид ва сипас сунамиҳои бузург беш аз 300 ҳазор нафарро дар моҳи декабри соли гузашта кушт баъди заминларзаи шаби 29 март ба ваҳшат афтода аз хонаҳои худ фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG