Порлумони Қирғизистон 26-уми июнро рӯзи интихоботи президентӣ эълон кард ва раҳбари муваққатии ин кишвар Қурманбек Боқиев гуфт, мехоҳад, дар ин сабқат ширкат кунад.
Ҷаласаи порлумон дар ҳоле баргузор шуд, ки дар зодгоҳи Оқоев чандин ҳазор нафар ба нишони эътироз гирди ҳам омад ва чандсад нафари онҳо шоҳроҳи Бишкекро баст. Намоишгарон гуфтаанд, мехоҳанд, ба Бишкек раванд ва эътирози худро аз барканории ғайриқонунии Оқоев изҳор намоянд.
Тибқи баъзе хабарҳо президенти барканоршудаи Қирғизистон Аскар Оқоев ҳоло дар Маскав мебошад.
Маскав ба ӯ расман иҷозаи иқомат додааст.
Дар ҳамин ҳол дар назди сафоратхонаи Қирғизистон дар Тошканд, намоиши намояндагони ҳизбу гурӯҳҳои оппозисюни Ӯзбакистон баргузор гашт, ки дар он ҷамъомадагон аз таҳаввулоти ахир дар Қирғизистон истиқбол карданд. Бархе аз ширкаткунандагони намоиш дар даст ин шиорро доштанд, ки мо аз шумо ибрат хоҳем гирифт, дӯстони қирғиз.
Таҳаввулоти ахири Қирғизистон дар ҷаласаи шӯроҳои марказии ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндагони Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтанд, аз дигаргуниҳо дар Қирғизистон пуштибонӣ мекунанд.
Нашрияҳои ин ҳафтаи Тоҷикистон тасъири рӯйдодҳои Қирғизистонро ба авзоъи сиёсӣ дар минтақа баррасӣ карда, эҳтимоли чунин инқилоби осоиштаро дар Тоҷикистон хеле кам шумурданд, вале аз эътибор соқит накарданд.