Амрико ҷиҳати сохтани як пули нав бар фарози рӯдхонаи Панҷ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон 28 миллион доллар иттихоз медиҳад. Фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар Афғонистон гуфтааст, сохтмони ин пулро ширкати итолиёии "Ритсани" аз шаҳри Удинаи Итолиё бар ӯҳда гирифтааст.
Қарор аст, сохтмони пули мазкур моҳи майи соли ҷорӣ оғоз шуда, то моҳи апрели соли 2007 ба поён бирасад. Пули нав бар фарози рӯди Панҷ, ки Шерхонбандарро дар вилояти Қундуз бо Панҷи Поёни Тоҷикистон хоҳад пайваст, ду хатти роҳи мошингард дошта, дар рӯз то 1000 мошин метавонад аз он убур кунад. Феълан равуо бо Шерхонбандар тавассути пароме сурат мегирад, ки дар фасли сармо фаъолият намекунад ва тавони ҳамлу нақли беш аз 50 то 60 мошинро дар рӯз надорад.
Сухангӯи нируҳои сохтмонии артиши Амрико дар Афғонистон Дон Пинкус гуфтааст, бунёди пули нав ҳамкорӣ, рушди иқтисоди бозорӣ ва таҳкими демократияро дар ҳар ду сӯи рӯдхонаи Панҷ таҳрик хоҳад дод.