Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби раиси нави Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон


Сайдулло Хайруллоев - раиси собиқи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи палатаи поёнии порлумони нав, рӯзи 17 март паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон баргузор гашт, дубора ба ин мақом баргузида шудааст.
Муҳаммадато Султонов - сухангӯи Маҷлиси Намояндагон гуфт, бо пешниҳоди Гулназар Келдӣ - вакил аз Ҳизби Халқӣ-Демократӣ Сайдулло Хайруллоев - бидуни рақиб ва бо раъйдиҳии пӯшида раиси Маҷлиси Намояндагон интихоб шуд. Абдумаҷид Достиев - муовини аввал, Шуҷоат Ҳасанова ва Убайдулло Давлатов аз ҳизби мазкур муовинони раиси маҷлис интихоб шудаанд. Сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон афзуд, вакилон ҳамчунин руасои кумитаҳои палатаи поёнии порлумонро интихоб карданд.
Муҳаммадато Султонов гуфт, Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи порлумон суханронӣ карда, аз вакилони тозаинтихоб хостааст, дар таҳия ва татбиқи қавонин, ки ба равнақи равандҳои демократӣ ва тараққиёти иқтисоди кишвар мусоидат кунад, кӯшо бошанд.
Муҳаммадато Султонов - сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, аз 63 вакили Маҷлиси Намояндагон ба истиснои Муҳаммадшариф Ҳимматзода - вакил аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон боқии намояндагони мардумӣ дар иҷлос ширкат карданд.
Дар ҳайъати парлумони ҷадид, ки то соли 2010 фаъолият хоҳад кард, аксари мутлақи курсиҳоро намояндагон аз Ҳизби ҳокими Халқӣ- Демократӣ ишғол кардаанд. Аммо ба фарқ аз порлумони қаблӣ, ки дар ду кумита вакилон аз Ҳизби Коммунист раис буданд, ин навбат раёсати ҳамаи кумитаҳо низ дар ихтиёри Ҳизби Халқӣ-Демократӣ гузаштааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG