Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бепосух мондани шикоёти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон


Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон тафтиши аризаи шикоёт ва эътирозоти чаҳор ҳизби норозии ин кишвар аз натоиҷи интихоботи порлумонии моҳи февралро, ки қарор буд 16 март анҷом диҳад, бепосух гузоштааст. Масъулини Ҳизби Коммунист, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон гуфтанд, бо гузашти беш аз бист рӯз аз интихобот комиссияи мазкур ҳанӯз ҳам ба шикояти дастҷамъонаи ин аҳзоб дар мавриди ҷойдоштани тақаллуб ва қонуншиканиҳои интихобот вокунише нишон надодааст.
Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ мегӯяд, масъулини Комиссиюни интихобот махсус дар посухи шикоёти аҳзоби сиёсии норозӣ таъхир мекунанд, то бо оғоз ба кор кардани Маҷлиси Намояндагон ва ширкати вакилони Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Наҳзат дар ин ҷаласа миёни аҳзоби норозӣ ихтилоф ба вуҷуд ояд.
Аммо масъулини Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ гуфтанд, ки новобаста аз ширкати вакилони худ дар порлумон бар сари шикоёташон побарҷо ҳастанд ва агар шикоёти онҳоро нодуруст арзёбӣ кунанд, қазияро ба Додгоҳи Олӣ хоҳанд кашид.
Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо ибрози ин матлаб ҳамчунин гуфт, ки масъулини Комиссияи Марказии Интихобот дар як тамоси телефонӣ аз ирсоли посух ба шикоёт таввасути идораи хаткашонӣ хабар додаанд. Ҳизби Коммунист, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ҳангоми эъломи натоиҷи интихоботи порлумонии рӯзи 27 феврал бо интишори як баёния ин маъракаро ҳамроҳ бо қонуншиканӣ ва тақаллуб арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки онро эътироф намекунанд. Аҳзоби мазкур аз мақомоти интихоботӣ тақозо карданд дар чаҳор ҳавзаи пойтахт интихоботи такрорӣ сурат бигирад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG