Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти аъзои Ҳизби Сотсиал-Демократ


Низомиддин Бекматов, номзади собиқи Ҳизби Сотсиал-Демократ ба Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва Насимҷон Шукуров, нафари боэътимоди ин номзад аз сӯи мақомоти додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд боздошт ва ба маҳбас андохта шудаанд.
Раҳматулло Зойиров, раиси ин ҳизб чаҳордаҳуми март зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки бар муқобили ин ду узви ҳизб тибқи панҷ моддаи Кодекси Ҷиноӣ, аз ҷумла барои таҳқири намояндаи ҳукумат ва тӯҳмат парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Оқои Зойиров гуфт, баъд аз интихоботи порлумонӣ мақомоти қудратӣ фишору таъқиб ба аъзо ва ҷонибдорони ҳизби ӯро афзуданд.
Раҳматулло Зойиров ҳамчунин гуфт, ин дар ҳолест, ки чаҳор ҳизби мухолифи Тоҷикистон, ба ҷумлаи Ҳизби Сотсиал-Демократ натоиҷи интихоботи порлумонии 27 февралро эътироф накарда ва ба Комиссияи Марказии Интихобот шикоят бурданд.
Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ афзуд, парвандаи ҷиноӣ бар муқобили Низомиддин Бекматов ва Насимҷон Шукуровро, тибқи изҳороти бардурӯғи раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов боз кардаанд ва инро амали тарҳрезишуда алайҳи Ҳизби Сотсиал-Демократ хонд. Аммо мақомоти додситонии Тоҷикистон аз шарҳи боздошти намояндагони Ҳизби Сотсиал-Демократ худдорӣ карданд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG