Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳони чечен мегӯянд, ҷангро идома хоҳанд дод


Мақомоти Русия аз кушта шудани раҳбари ҷудоихоҳони чечен Аслон Масҳадов изҳори хурсандӣ карда, гуфтанд, ин куштор сабаби беҳбудӣ мешавад, вале ҷудоихоҳони чечен эълон карданд, ки муборизаи худро идома хоҳанд дод. Раиси Думаи давлатии Русия Борис Гризлов гуфт, дар ин куштор дар деҳаи Толстой-Юрти Чеченистон ягон нафар аз нирӯҳои Русия талаф нашудааст. Ноиби раиси Дума Сергей Бабурин низ аз амалиёти нирӯҳои Русия истиқбол кард ва гуфт, беҳтар аст, агар дигарон сарони чечен зинда боздошт шаванд, то дар бораи дигар шарикони худ иттилоъ диҳанд.
Аҳмад Закаев, сухангӯи Масҳадов дар Лондон эълон кард, муқовимат дар Чеченистон идома хоҳад ёфт. Вай гуфт, ҷойнишини Масҳадов дар рӯзҳои наздик муайян ва эълон хоҳад шуд.
Дар охирин мусоҳибаи худ, чаҳор рӯз пеш аз кушта шуданаш, Масҳадов гуфта буд, ки як сӯҳбати чашм ба чашми ӯ бо президенти Русия Владимир Путин ба низоъи Чеченистон хотима хоҳад гузошт. Вай ҳамчунин як оташбаси кӯтоҳмуддати якҷониба эълон карда буд. Аммо мақомоти Русия Масҳадовро якҷо бо Шомил Басаев "бондит" номида, гуфтааст, бо онҳо ягон хел гуфтушунид нахоҳад кард.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG