Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории вазорати адлия аз сабти номи нашрияи "Имрӯз"


Вазорати адлияи Тоҷикистон ба дархости дубораи муассисони нашрияи хусусии «Имрӯз» ҷиҳати сабти ном, посухи рад додааст. Марат Мамадшоев - сардабир ва яке аз муассисони «Имрӯз» ду маротиба асноди нашрияро ба вазорати адлия ироа карда ва ҷавоби манфӣ гирифтааст.
Оқои Мамадшоев гуфт, дар посухи вазорати адлия аз мавҷудияти иштибоҳҳои забонӣ дар матни ойинномаи нашрия таъкид, вале аз кадом нуктаи муғойир бо қонун ёд нашудааст. Ба ақидаи оқои Мамадшоев, "дар арафаи маъракаҳои интихоботӣ онҳо қарор карданд, ки иҷозаи нашри рӯзномаро надиҳанд. Ва ин як дастурест, ки аз мақомоти болотар дода шудааст.»
Аммо масъулини раёсати сабти асноди васоити ахбори оммаи вазорати адлия мегӯянд, радди сабти номи нашрияи «Имрӯз» ба интихоботи кишвар рабте надошт ва яке аз иштибоҳот дар асноди рӯзнома ин будааст, ки амволи нашрия мутаалиқи як нафар нишон дода мешавад, дар ҳоле, ки се нафар, аз ҷумла Раҳматулло Зойиров - раиси Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон низ чун яке аз муассисони нашрия зикр шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи интихоботи порлумонӣ гуфт, ҳеҷ гоҳ мухолифи афзоиши рӯзномаҳо ва интишори маводи интиқодӣ нест ва ҷонибдори фароҳам кардани шароити хуби корӣ барои хабарнигорон мебошад.
Аммо Марат Мамадшоев гуфт, ҷиҳати дарёфти иҷозаи расмии фаъолияти рӯзномааш асноди онро ба вазорати адлия дигарбора ироа хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ ин нашрия дар қадами аввал ҳафтае ду маротиба ва баъдан ҳамарӯза ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп хоҳад шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG