Владимир Сотиров, раҳбари дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милали Мутаҳид (СММ) дар Тоҷикистон гуфт, аз эътирози чаҳор ҳизби сиёсӣ дар робита ба натиҷаҳои интихобот ва ҳушдори онҳо дар бобати хурӯҷ аз Шӯрои ҷамъиятии нирӯҳои сиёсии Тоҷикистон дар ташвиш аст, зеро "қатъи муколама дар сатҳи ин шӯро амал метавонад ба кӯшишҳои умумимиллӣ ва байниҳизбии рушди баъдиҷангии кишвар таҳдид мекунад". Ҷаноби Сотиров изҳори умедворӣ кард, "вазъияте ки баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон ба миён омадааст, ба сулҳу субот дар кишвар таъсири манфӣ нахоҳад гузошт ва бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо равандҳои демократӣ, ба ҷумлаи волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон дар оянда низ рушд хоҳанд кард".
Раҳбари дафтари таҳкими сулҳи СММ ба Радиои Озодӣ гуфт, интихобот аз тарафи нозирони СМ мушоҳида нашудааст ва ӯ аз гузориши ҳайъати нозирон аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо роҷеъ ба қонуншинканиҳо дар интихобот дар ташвиш аст. Дар айни замон вай гуфт, "набояд фаромӯш кард, ки ин аввалин интихобот дар шароити орому осоиштаи баъд аз интихоботи соли 2000-ум аст ва марҳилаи муҳиме дар рушди минбаъдаи равандҳои демократист."
Изҳороти раҳбари дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳизбҳои коммунист, наҳзати исломӣ, сотсиал-демократ ва демократ аз натиҷаҳои интихобот изҳори норозигӣ карда, хостори овоздиҳии такрорӣ шудаанд. Ҳайъати нозирон аз САҲА гуфтааст, бо вуҷуди баъзе нукоти мусбат интихобот ба меъёрҳои асосии байнулмилалӣ ҷавобгӯ набуд.
Мирзонабии Холиқзод