Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Сотсиалист аз шикасти худ розӣ аст


Ноиби раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон Қурбон Восиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии 27-уми феврал розӣ аст ва интихобот ба пиндори ӯ, бо риояти меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст: "Ман фикр мекунам, ки хуб гузашт. Ман фикр намекунам, ки ягон ихтилофоте бошад." Ин дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалист дар интихобот 0,3 дарсад, яъне камтар аз ҳамаи ҳизбҳои дигар овоз гирифт ва натавонистааст садди панҷдарсадиро тай кунад.

Аз моҳи апрели соли гузашта дар дохили ҳизб ҷудоиҳо ба миён омада, дар моҳи август, баъд аз он ки раҳбари вақти ҳизб Мирҳусейн Назриев ҳизбро узви Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффоф, озод ва одилона эълон кард, Қурбон Восиев ва Абдуҳалим Ғаффоров конфаронси ҳизбро даъват намуда, Назриевро аз раёсат барканор карданд. Назриев мегӯяд, ин амал мудохилаи ҳукумат буд, бо мақсади шикаст додани ҳизб ва эътилофи аҳзоб. Кумисюни марказии интихобот рӯихати номзадҳоеро қабул кард, ки Ғаффоров пешниҳод карда буд ва рӯйхати Назриевро рад намуд. Назриев дертар тарафдорони худро даъват кард, аз Ҳизби Сотсиал-Демократи Раҳматулло Зойиров пуштибонӣ кунанд.

Раҳбари Ҳизби сотсиалист, Абдуҳалим Ғаффоров дар мунозираҳои сиёсии Радиои Озодӣ гуфт, аз Ҳизби халқию демократӣ пуштибонӣ мекунад. Ба ақидаи нозирони сиёсӣ, Ҳизби Сотсиалист, ки майл ба ҳизбҳои мухолиф дошт, акнун ба ҳизби тарафдори ҳукумат табдил ёфта, нуфузи худро дар ҳамкорӣ бо давлат мебинад.
XS
SM
MD
LG